Рустамова гуфт, камонварӣ дар Тоҷикистон чӣ мушкил доранд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Ҷоизадори олимпӣ бар ин назар аст, ки варзишгарони тоҷик аввал бояд дар Тоҷикистон тамрин кунанд ва баъдан ба мусобиқоти байналмилалӣ раванд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Чанде пеш дар Бангкок мусобикаи камонварй барпо гардид, ки дар он Тоҷикистонро Роберт Нам намояндагӣ кард.
Нахуст Қаҳрамонии Осиё ва баъдан мусобиқоти литсензионӣ баргузор мешавад, ки дар онҳо метавон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 мубориза бурд.
"Бино ба маҳдудияти молӣ мо метавонем танҳо як варзишгарро фиристем. Аммо бо вуҷуди ин, Тоҷикистонро варзишгари арзанда - Роберт Нам муаррифӣ мекунад. Ӯ имкони ба Бозиҳои соли 2024 рафтанро надошт, аммо таҷриба андӯхт. Илова бар ин, вай натиҷаҳои хуб дорад, дар хориҷи кишвар тамрин мекунад, аммо албатта, ҳанӯз бояд рушд кунад", - гуфт Зебинисо Рустамова ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, бисёре аз варзишгарони тоҷик ба тирандозӣ танҳо дар мусобиқаҳои маҳаллӣ одат кардаанд, онҳо хеле кам ба ҷамъомадҳои тамринӣ мераванд, аз ин рӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои онҳо хеле мушкил аст.
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо бояд тамриноти зиёдеро анҷом диҳанд.
"Бо камонварони пурқувват рақобат кардан душвор аст. Варзишгарони мо бояд аз тамрини касбӣ гузаранд. Чаро бе тайёрӣ мераванд? Беҳтараш машқ кунанд ва маҳорати худро такмил диҳед", - гуфт Рустамова.
Вай бар ин назар аст, ки беҳтар аст, ба мусобиқот бидуни омодагӣ нарафт. То расидан ба ин зина бояд бо харҷи басанда омодагии хуб ва холҳои рейтингиро дар хона гирифту баъд ба мусобиқоти калон рафт.
Ҷоизадори олимпии тоҷик афзуд, ки бояд дар Тоҷикистон камонварӣ омӯхт ва меъёрҳоеро, ки кишварҳои дигари Осиё дар мусобиқоти байналмилалӣ нишон медиҳанд, иҷро кард. Урдугоҳҳои таълимии дараҷаи олӣ аҳамияти калон доранд.
Мишень со стрелами во время соревнований по стрельбе из лука. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Интизории Рустамова аз камонварони тоҷик дар БО-2023: Сарбоз бояд азми генералӣ кунад
"Албатта, камон ва тирҳои хуб доштан низ барои рушд зарур аст. Ҳоло бо омадани роҳбарияти нав камонварӣ барои рушд такони нав гирифт. Умедворам, ки дар оянда ҳама чиз беҳтару хубтар мешавад. Мо дар Хуҷанд заминаи хуб дорем, мардум ба варзиш ҷалб шудаанд, майли зиёд тамрин доранд”, - қайд кард камонвар.
Бояд гуфт, ки 14 ноябр нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон оғоз мегардад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0