Ботлоқи Фаластину Исроил Ғарбро фурӯ мебарад.

© AFP 2023 / Mahmud HamsРазрушения от израильской бомбардировки в Хан-Юнисе на юге сектора Газа
Разрушения от израильской бомбардировки в Хан-Юнисе на юге сектора Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2023
Обуна шудан
Набояд дар ҳеҷ ваҷҳ шиддати феълии Фаластин ва Исроилро пирӯзии Ғарб ҳисоб кард. Ин боз як ботлоқест, ки захираҳои камёбро хушк мекунад ва якбора ба Ғарб дар бисёр самтҳо зарар мерасонад.
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 — Sputnik, Ирина Алкснис. Дар назари ҷаҳониён Ғарб бо риёкорӣ, фиребгарӣ ва меъёрҳои духӯрааш ба обрӯи худ боз як зарбаи сахт зад. Туркия ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноии Гаага (ҳамон додгоҳе, ки ҳукми боздошти Владимир Путинро содир карда буд) даъво алайҳи Бенямин Нетаняҳу ирсол дошт, ки нахуствазири Исроилро дар наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар навори Ғазза муттаҳам мекунад.
Ва тақрибан ҳамзамон бо ин хабар, Олаф Шолс изҳороти президенти Туркияро дар бораи амалҳои Исроил ва мақомоти он шарҳ дод, менависад рӯзноманигори РИА Новости.
Аз ҷумла, Эрдуғон ҳодисаҳои дар Ғазза рухдодаро “қатлиоми исроилӣ” ва амалҳои Телавивро “фашистӣ” номид. Аз ин рӯ, садри аъзами Олмон ҳамаи ин иттиҳомҳоро "сафсата" хонд, зеро ба гуфтаи ӯ, Исроил дар аъмоли худ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар риоя мекунад.
Рӯзҳои охир дар арзёбиҳои коршиносон дар робита ба низои Фаластин ва Исроил, ноумедӣ (ё, баръакс заҳрхандае, вобаста ба эътиқоди шахс) беш аз пеш равшантар шудааст: пас аз оғози амалиёти Исроил дар Ғазза ва амалҳои комилан харобиовари Нерӯҳҳои Амнияти Исроил (САХАЛ), пешгӯиҳо дар ҳама ҷо паҳн мешуданд, ки акнун ҷаҳони араб (ва ҳатто тамоми мусулмонон) муттаҳид мешаванд ва ба Исроил (ва ҳамчунин ба амрикоиҳо) ҳоли зорашонро нишон медиҳанд.
Ва бо гузашти вақти бештар, ҳамон қадар аёнтар мешавад, ки вокуниши воқеии муштарак нахоҳад буд.
Нефтяной танкер в порту Рас аль-Хайр, Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Нафт барои Исроил дар ҷаҳони араб ҷудоӣ андохт
Ин бисёр одамонро водор мекунад, ки тарафи муқобилро гиранд ва акнун даъво кунанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бори дигар пирӯз шуда, Шарқи Наздикро боз таслим сохтанд. Албатта, маълум аст, ки ҳамаи ин даъвоҳои Анкара дар Гаага суханбозӣ ҳаст, зеро Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноии Гаага комилан аз ҷониби Ғарб таҳти назорат аст ва танҳо ба манфиатҳо ва фармоишҳои он хидмат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳам нуқтаи назари аввали аз ҳад зиёд хушбин ва ҳам нуқтаи назари дуюми аз ҳад зиёд рӯҳафтодаи ҳозира хатоанд.
Барои фаҳмидан ва баҳо додан ба вазъият зарур аст, ки манзараи мукаммали вазъияти рухдодаро бояд доимо дар назар дошт. Ва ин барои ҳама, ки камтар ба сиёсат таваҷҷӯҳ доранд, маълум аст: ҷаҳон дар ҷараёни тақсимоти глобалии геополитикӣ - гузариш аз системаи якқутбӣ ба бисёрқутбӣ қарор дорад.
Ғарб (пеш аз ҳама, албатта, ИМА) баҳрабардори асосии низоми кӯҳна аст ва, албатта, омода аст, ки барои аз даст надодани мавқеъи ҳукмронии худ ҳама гуна чораҳои шадидро бинад, зеро ин на танҳо ба талафоти калон, балки ба шикасти пуррааш таҳдид дорад.
Дар баробари ин, аз як тараф, сустшавӣ ва таназзули Ғарб аллакай дар авҷ аст. Аммо аз тарафи дигар, он то ҳол дорои захираҳо ва имкониятҳои азим аст, бинобар ин, бархӯрди мустақим бо он, чӣ ҳарбӣ ва ҳам иқтисодӣ ниҳоят хатарнок аст ва ҳатто метавонад барои ҳар як қудрати пурқувват марговар бошад.
Столб дыма, поднимающийся во время израильской бомбардировки палестинского анклава на фоне продолжающихся боев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Ҳамлаҳои Исроил ба ҷануб ва шимоли навори Ғазза - аксҳои даҳшатбор
Дар натиҷа солҳои охир стратегияи муқовимат бо Ғарб ташаккул ёфт, ки боқимондаи ҷаҳон аз он пайравӣ мекунанд, ки ба сарнагун кардани гегемон ва барқарор кардани системаи ҷаҳонӣ дар заминаҳои одилона манфиатдоранд, аммо мехоҳанд ин корро бо талафоти камтарин барои худ анҷом диҳанд. Ин стратегия чандирии тамом ва канорагирӣ аз низоъҳои мустақимро (то ҳадди имкон) дар назар дорад.
Бо дарназардошти он, ки вақт ва ҷараёни ҳодисаҳо бар зидди амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо кор мекунад, стратегия хеле муассир аст, аммо мутаассифона, маҳдудияти худро дорад. Русия ба онҳо ноил шуд: дар тӯли ҳашт сол (аз соли 2014) муқовимати гарм бо Ғарбро кашол дод, аммо то 24 феврали соли 2022 тамоми имкониятҳо барои ин тамом шуданд - ва мо маҷбур шудем, ки амалиёти вижаро оғоз кунем.
Ва аз рӯи натиҷахои қариб ду соли охир бо итминон метавон гуфт, ки дар ҷаҳон дигар кишваре нест, ки на танҳо ба фишори шадиде, ки давлати мо дар ҳама самт дучори он буд, тоб оварад, балки боз ҳам тавонотар шавад. Ҳатто Чин ҳам ба ин кор қодир нест.
Вай аз чихати иктисодӣ ҳанӯз хам бо Ғарб хеле зич алоқаманд аст, бинобар ин "таҳримхо аз дӯзах" ба ӯ зарбаи сахти иҷтимоию иктисодӣ мерасонанд, ки аз таъсирашон хеле душвортар ва дуру дарозтар барқарор мешавад. Дар бораи дигар давлатҳо сухан рондан лозим ҳам нест. Солҳои охир, Шарқи Наздик бо шумори зиёди мушкилоти молиявӣ то озуқаворӣ дучор шудааст ва ин ҳам бидуни ҷанг бо Исроил.
Дар чунин шароит майл надоштани мамлакатҳои араб барои "ҳимояи Ғазза" комилан фаҳмост. Аён аст, ки ба ақидаи аксари раҳбарони минтақа, ворид шудан ба бархӯрди радикалӣ, махсусан ҳарбӣ бо исроилиҳо ва амрикоиҳо ҳанӯз барвақт аст, зеро чунин бархӯрд хеле гарон хоҳад афтод.
Значок Седьмой конференции по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Ҳамовозии Душанбе ва Маскав дар мавриди роҳи ҳалли буҳрони Фаластин
Аммо ташдиди кунуниро ба унвони дороии Исроил ва Ғарб маънидод кардан иштибоҳ аст, зеро онҳо бо амалҳои кунунии худ дар заъифшавӣ ва наздик шудани фурӯпошии худ саҳмгузор хоҳанд буд.
ИМА дар як ҳолати ногуворе қарор дорад: онҳо бояд захираҳои бе ин ҳам ба таври назаррас тамомшудаи худро байни Киев ва Телавив тақсим кунанд (бо вуҷуди он, ки Пекин ҳадафи асосии онҳо боқӣ мемонад). Доираҳои баландмақоми Ғарб маҷбур шуданд, ки мавқеи тарафдории қатъии Исроилро ишғол кунанд ва бо ин амал дар зери суботи дохилии мамлакатҳои худ гӯё боз як мина гузоштанд, ки метавонад ба таври ғайричашмдошт инфиҷор кунад.
Амалҳои ваҳшиёнаи Исроил дар Ғазза дар назари аксари инсоният ҳама ҳамдардиро нисбат ба он ва “дахлнопазириро”, ки хотираи Ҳолокост барои он пешбинӣ кардааст, аз байн мебарад. Дар ниҳоят, вазъи геополитикӣ пухта мешавад ва Исроил дар муқобили ҷаҳони араб танҳо мемонад - ҳеҷ кас дасти ёрӣ дароз намекунад ва ба ҷуз худаш касеро гунаҳкор нахоҳад кард.
Ва дар назари ҷаҳониён Ғарб бо риёкорӣ, фиребгарӣ ва сиёсати духӯрааш ҳам ба обрӯи худ ва ҳам ба тамоми низоми ҳозираи ҷаҳонӣ, ки аз он ин қадар шадидан дифоъ мекунад, боз як зарбаи сахт зад.
Ва ин набояд ночиз ҳисобида шавад: қудрати Ғарб дар ҷаҳон асосан бар ҷозибае, ки садҳо миллионҳо ва ҳатто миллиардҳо одамон дар саросари сайёра ба он эҳсос мекарданд, сохта шудааст. Ниқоб афтид ва чунон башараеро ошкор кард, ки одамонро ҳоло аз даҳшат ақиб мекашад.
Здания, пострадавшие в результате израильского авиаудара в Джабалии, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Раҳмон: Ҷонибҳои алоҳида фалокати башариро дар навори Ғазза нодида мегиранд
Пас набояд дар ҳеҷ ваҷҳ шиддати феълии Фаластин ва Исроилро пирӯзии Ғарб ҳисоб кард. Ин боз як ботлоқест, ки захираҳои камёбро хушк мекунад ва якбора ба Ғарб дар бисёр самтҳо зарар мерасонад.
Танҳо як савол боқӣ мемонад: ин хама масъалаҳои мураккаби сиёсӣ, албатта, муҳиманд, аммо дар бораи сокинони Ғазза чӣ гуфтан мумкин аст, дар бораи ҳазорон кӯдаки фавтида ва ҳазорон нафаре, ки боз ҳалок мегарданд?
Мутаассифона, ҷавоби хубе дар ин бобат нест. Ҳар кас он чиро, ки зарур мешуморад ва виҷдонаш талаб мекунад, мекунад. Русия онҳоеро наҷот медиҳад, ки метавонад. Худиҳоро наҷот медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0