Анҷумани байналмилалии забонҳо дар Душанбе чӣ гуна гузашт? Тафислот

© SputnikУчительница русского языка на уроке
Учительница русского языка на уроке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Обуна шудан
Анҷумани байналмилалии "Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар асри 21" омӯзгорону коршиносони кишварҳои гуногунро гирди ҳам овард
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Душанбе 16-умин ҳамоиши байналмилалии “Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар асри 21” баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар додааст.
Дар ҳошияи анҷуман омӯзгорон ва коршиносони кишварҳои муштаракулманофеъ мулоқот карда, як қатор масъалаҳои марбут ба рушди фанноварӣ дар фазои башардӯстонаро баррасӣ карданд, вале яке аз мавзӯъҳои аслии ин чорабинӣ нақши забони русӣ дар замони муосир буд.
Дар ин баҳсҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон, Арманистон ва дигар кишварҳо ширкат доштанд.
Анҷумани таълимии байналмиллалии Забони русӣ – пули дӯстии Русия ва Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор шуд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Анҷоми конфронси "Забони русӣ - пул миёни Тоҷикистон ва Русия" - видео
Иштирокчиёни вохӯрӣ сатҳи донишҳои гуманитариро дар кишварҳои ИДМ арзёбӣ намуда, дар маҷмӯъ, низоми мавҷудаи таълим ва ҳамкориҳои донишгоҳҳоро таҳлил карданд.
Ҳамзамон, мушкилоти забонӣ ва фарҳангии байни кишварҳои иттиҳод ба таври муфассал баррасӣ шуда, ба мавқеи забони русӣ дар ҷаҳони бисёрзабонӣ диққат дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии "Ташаккули фазои башардӯстонаи инноватсионӣ дар ИДМ ва нақши забони русӣ дар шароити бисёрзабона", ки аз ҷониби ДМТ ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав бо дастгирии Сафорати Русия баргузор гардид, ифтитоҳ ёфт.
Дар доираи ин чорабиниҳо масъалаҳои гуногунии забонҳо дар кишварҳои Иттиҳод ва берун аз он, инчунин имконоти он барои ҳамгироӣ дар илм, бахшҳои иқтисодӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ ва сиёсати бузург баррасӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0