Чин мизбони панҷумин Форуми дифоъ ва амнияти СҲШ хоҳад шуд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкАнтитеррористические учения стран – членов ШОС "Мирная миссия 2021"
Антитеррористические учения стран – членов ШОС Мирная миссия  2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Обуна шудан
Чорабинӣ бояд эътимоди кишварҳоро дар соҳаи низомӣ ва ҳамкориро таҳким бахшида, ба бунёди сарнавишти муштараки кишварҳои узви СҲШ мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Панҷумин Анҷумани дифоъ ва амнияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Чин баргузор мешавад.
Дар ин бора вазорати дифоъи Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки чорабинӣ рӯзҳои 20-29 ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Вазорати дифои Чин Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СҲШ-ро барои ширкат дар ин ҳамоиш даъват кардааст.
Теъдоди даъватшудагон на танҳо намояндагони вазоратҳои дифоъ, балки олимону коршиносони кишварҳои узви ин созмон низ ҳастанд.
Ин ҳамоиш бо ҳадафи таҳкими эътимоди кишварҳо дар арсаи низомӣ, ҳамчунин таҳкими ҳамкорӣ дар ин замина ва бунёди сарнавишти муштараки кишварҳои узви СҲШ пешбинӣ шудааст.
Флаги и эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Хадамоти истихборотии кишварҳои СҲШ дар як сол аз 69 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардаанд
Илова бар ин, ширкаткунандагони чорабинӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро дар доираи иттиҳодия баррасӣ мекунанд.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) як созмони байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва Чин таъсис ёфтааст.
Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ дохил шуданд. Дар соли 2021 раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфтани Эрон ба узвияти комили ин созмонро тасвиб карданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар кишварҳои ин созмон 69 амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави созмон 507 нафар иштирокчиён ва ҳамкорони созмонҳои байналмилалии террористӣ муайян карда шудаанд. Илова бар ин, 447 ҷинояткор дастгир карда шуда, 182 нафар безарар ва 54 нафар маҳкум карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0