Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хоруғ

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2023
Обуна шудан
Раиси Хоруғ аз ба кадрҳои навтаъйин таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба 10 мақоми холӣ дар ҳукумати Хоруғ кадрҳои нав таъйин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, кадрҳои нав дар асоси хулосаи комиссияи озмун ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.
Аз ҷумла дар асоси пешниҳоди раиси Хоруғ, Суриев Орзу Акрамбекович роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъйин гардид.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон дар АМИТ раҳбарони ду пажуҳишгоҳро барканор кард
Зимни муаррифии кадрҳои навтаъин раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд.
Вай аз мақомдорҳои нав дархост намуд, ки зимни фаъолият дар вазифаҳояшон аз худ масъулияти бештарро баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ нишон диҳанд.
Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузоранд, афзуд ӯ.
Қаблан шаҳрдории Хоруғ барои ишғоли ҷойи холӣ дар сохторҳои мухталифи шаҳр озмун эълон карда буд.
Лентаи хабарҳо
0