Интиқоли пул аз Туркия ба Осиёи Марказӣ осон шуд

Флаг Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Обуна шудан
Ин иқдом аз тавсеаи имконияти ширкат дар ҷаҳон ва қонеъ намудани талаботи муштариёни худ ба таври содда ва бо амният интиқол додани пулро инъикос мекунад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Низоми пардохти Туркия “Туран” ба зудӣ интиқоли пул аз Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказиро имконпазир мекунад.
Дар ин бора мудири кулли ширкати “United Payment” Эдгар Абдуллоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин низом дар моҳи ноябр роҳандозӣ мешавад ва ин раванди интиқоли муштариёни Туронро ба таври қобили мулоҳиза осон мекунад.
"Ин иқдом хоҳиши ширкатро барои тавсеаи шабакаи ҷаҳонии худ ва қонеъ кардани ниёзҳои муштариён барои муомилоти пулии содда нишон медиҳад", - гуфт Абдуллоев ба хабаргузории Trend.
Ҳамзамон интиқоли пул тавассути “Турон” ба Озарбойҷон сурат мегирад.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Бонки русӣ интиқоли пул ба Тоҷикистонро бо рақами телефон имконпазир кард
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи равон Бонки миллии тиҷоратии Русия интиқоли фаромарзӣ ба Тоҷикистонро, аз ҷумла бо сомонӣ оғоз кард.
Интиқолро дар шӯъбаҳои амалиётии РНКБ анҷом додан мумкин аст, пулгиранда бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсади интиқоли асъорро дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0