Президенту парлумон роҳкирои кӯдакон дар Тоҷикистонро муайян карданд: Ҷанҷол кам мешавад?

© Sputnik Общественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2023
Обуна шудан
Парлумону президенти Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии ҷумҳуриро тасдиқ карданд, ки аз ҷумла роҳкирои кӯдаконро мушаххас мекунад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Мусофирон дар Тоҷикистон ҳақ доранд, дар нақлиёти ҷамъиятии роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот як кӯдаки то 7-соларо бе пешниҳоди ҷойи алоҳидаи нишаст ройгон интиқол диҳанд.
Тағйирот дар ин бора ба Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистонро ҳар ду палатаи парлумони кишвар тасдиқ карданду ахиран президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Дар пайи нашр дар матбуоти расмӣ меъёрҳои нав мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин бар асоси тағйиру иловаҳо мусофир метавонад, дар нақлиёти ҷамъиятии роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот ду кӯдаки аз 7 то даҳсоларо бар ивази музде, ки зиёда 50% роҳкироро ташкил карда наметавонад, бо пешниҳоди ҷойҳои алоҳидаи нишаст интиқол диҳад.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2023
Нишондиҳанда барои ҳисоби ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон боло меравад
Қаблан танҳо интиқоли кӯдаки то 5-cола дар нақлияти ҷамъиятӣ ройгон буд. Дар заминаи талаби роҳкиро аз кӯдакон дар нақлиёти ҷамъиятӣ гоҳо ҷанҷолҳо сар мезаданду гоҳо шикоятҳо садо медоданд, ки ронандаҳо аз савор кардани кӯдакон худдорӣ менамуданд, чун роҳкиро пардохт намекунанд.
Дар Тоҷикистон яке аз далелҳои боло рафтани роҳкиро, нархи сӯзишворӣ арзёбӣ мегардад.
Аввали соли равон вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сабаби бетағйир мондани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки нархи сӯзишворӣ поин рафта буд, шарҳ дод.
Вай гуфта буд, ки фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар ҳамагӣ 10-15%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0