Моҳи аввали зимистон: Ҳавошиносон гуфтанд, он чӣ гуна хоҳад буд?

© Sputnik Снегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2023
Обуна шудан
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар нахустин моҳи фасли зимистон дар Тоҷикистон то +10 дараҷа гарм дар ҳамвориҳо то ва +7 дараҷа дар навоҳии куҳӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳавои моҳи декабри соли 2023 дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, тағйироти куллие дар ҳарорату боришот барои ин мавсим дар назар нест.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудаст, ки ҳарорати миёна дар водиҳо +8 +10 ва дар доманакӯҳҳо 6 +7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар ҷануби Тоҷикистон, ки минтақаи нисбатан гарм мебошад, нимаи аввали декабр ҳарорат ба ҳисоби миёна шабона 7+12, рӯзона +8 +23 дараҷа дар назар аст. Нимаи дуюми моҳ дар Хатлон ҳарорати миёна шабона то 2+7 ва рӯзона то 11+16 дараҷа поин меравад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 6+11 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст. Барфи тар дар қисматҳои ҷануби Тоҷикистон нимаи дуюми декабр пешгӯӣ мегардад.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Рӯзу шом 16 соат: мушкили бебарқӣ дар навоҳии Суғд
Суғдро низ дар моҳи аввали зимистон ҳарорати миёна дар водиҳо 6+7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм фаро мегирад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то -1+4 дараҷа, рӯзона то 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳарорати миёна дар ВМКБ 1+6 дараҷа дар назар буда, нимаи дуюми моҳ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0