Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод

© Фото : Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев в Астане
Эмомали Рахмон и Касым-Жомарт Токаев в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ба тамоми наздикону пайвандони қурбониёни сӯхтор таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хостааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтори хобгоҳ дар Алмато ба ҳамтои қазоқаш, Қосим-ҷомарт Тоқаев паёми ҳамдардӣ фиристодаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём аз ҷумла изҳор доштаст, ки хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтаст.
"Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем", - таъкид кардаст ӯ.
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд
Субҳи 30 ноябр дар Алмато дар хобгоҳе дар кӯчаи Шарифов сӯхтор ба амал омад. Дар ин ҳангом дар хобгоҳ 72 нафар буд, ки аз ин шумора 13 нафар ҷон бохтаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст.
Чор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Сабаби пешакии марг заҳролудшавӣ аз газ арзёбӣ мешавад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки хобгоҳ ҳамагӣ 1,5 моҳ фаъолият мекард ва муҷаввизи кор надошт.
Табдил додани таҳхона бидуни таъинот ба манзили истиқоматӣ манъ аст, изҳор дошт пулис. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, таъкид намудаст пулиси хобагоҳ.
Лентаи хабарҳо
0