Роналду ба Тоҷикистон намеояд: сабаб дар чист?

© AP / Natacha PisarenkoФутболист Криштиану Роналду показывает палец вверх
Футболист Криштиану Роналду показывает палец вверх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ситораи футболи ҷаҳонӣ ва бозигари бошгоҳи “Ал-”Наср”-и Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон намеояд.
Дар ин бора аз бошгоҳи “Истиқлол” ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
“Тавре аз бошгоҳи “Ал-”Наср” ба мо гуфтанд, Роналду каме осеб дидааст ва дигар ҷузъиёт надоданд”, - гуфт манбаъ.
Вай ҳамзамон афзуд, ки бошгоҳи арабӣ соати 14:30 ба вақти Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.
Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст.
Қаблан интизор мерафт, ки ҳамлавари португалӣ дар ҳайати дастааш барои рақобат бо тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба Душанбе меояд.
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод
Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0