Мишустин "Россия сегодня"-ро бо 10-солагии таъсисаш табрик кард

© Sputnik / Владимир АстапковичПремьер-министр РФ Михаил Мишустин
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Обуна шудан
"Россия сегодня" ҳайати касбии муҳаррирон, публитсистҳо, соҳибназарон, рӯзноманигорон ва наворбардорон мебошад, қайд кард сарвазири Русия
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, тими гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня"-ро бо 10-солагии таъсисаш табрик гуфта, ба онҳо " ғояҳои нави созанда, комёбиҳо ва пирӯзиҳои минбаъда, саломатӣ ва шукуфоӣ" таманно кард.
Сарвазир таъкид кард, ки ВАО-и мазкур “дар фазои расонаии кишварамон ва берун аз он ба таври эътимодбахш мавқеи пешсафро ишғол намуда, меъёрҳои баланди журналистиро муқаррар мекунад” ва захираҳои хабарии он шабонарӯзӣ “ба даҳҳо забонҳо аудиторияи васеи хонандагон ва шунавандагони радиоро бо маълумоти боэътимод ва объективӣ дар бораи воқеаҳои муҳимтарини тамоми ҷаҳон огоҳ мекунад".
"Россия сегодня" як тими касбии муҳаррирон, публитсистҳо, рӯзноманигорон, хабарнигорон ва наворбардорон мебошад, ки маводи онҳоро ҳар рӯз садҳо ҳазор нафар мехонанд ва мешунаванд. Дар барномаҳои шумо андешаҳои гуногун шунида мешаванд ва ин ба тамошобинон кӯмак мекунад, ки хулосаҳои худро бароранд",- гуфт Мишустин.
Вай қайд кард, ки дар лоиҳаҳои азими медиа-гурӯҳ сад шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла агентиҳо, телевизионҳо ва донишгоҳҳо иштирок мекунанд. Истифодаи технологияҳои пешрафта имкон медиҳад, ки мундариҷаи баландсифат ва серталаб дар шаклҳои гуногуни муосир - шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои мобилӣ пешкаши аудиотория гардид.
Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" захираҳои иттилоотии русзабонро муттаҳид мекунад, ки чунин аст: РИА "Новости", радиои Sputnik, PRIME, ПРАЙМ, ИноСМИ, Baltnews, Украина.ру, Навигатори иҷтимоӣ, КОТ ва Arctic.ru.
Генеральный директор МИА Россия сегодня Дмитрий Киселев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Киселев журналистикаи русро озодтарин дар ҷаҳон гуфт
Ин гуруҳи медиоиро дар хориҷа хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунад. Яке аз маҳсули асосии медиа-гурӯҳ ин наворҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испанӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
"Россия сегодня" бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти иттилоотии Русия аст, ки ба аудиторияи байналмилалӣ, ҷомеаи тиҷорат, ниҳодҳои давлатӣ ва доираи васеи корбарон нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0