"Истиқлол" тими "Равшан"-ро шикаст дод

© Фото : Сомонаи расмии бошгоҳи футболи "Истиқлол"ФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2023
Обуна шудан
Голҳоро аз ҷониби тими душанбегӣ ҳамлаварон Сенин Себай дар дақиқаи 17-ум ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 28-ум ба самар расониданд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки қаҳрамони мавсими ҷорӣ мебошад, дар бозии мавқуфмонда "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Голҳоро ҳамлаварон Сенин Себай дар дақиқаи 17-ум ва Шервони Мабатшоев дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи тими Кӯлоб ворид намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дастаи "Истиқлол" пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон мағлуб шуда буд.
Дастаи Душанбе тими "Куктош" -и ноҳияи Рудакиро шикаст дода, пеш аз муҳлат ғолиби Чемпионати Тоҷикистон - 2023 дар риштаи футбол шуд.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2023
Мунтахаби Тоҷикистон Токиоро бе медал тарк мекунад: Беҳтарин натиҷаро Сомон нишон дод
Дар ин бозӣ, ки бо ҳисоби 4 бар 1 ба анҷом ёфт, голҳоро аз ҳайати “Истиқлол” – Алишер Ҷалилов ду маротиба, Шервони Мабатшоев ва Амадони Камолов ва ягона голи тими Кӯлобро – Муҳиддин Одилов ба номашон сабт карданд.
Баъди ин пирӯзӣ шумораи имтиёзҳои "Истиқлол" ба 43 адад расонид ва аз дастаи “Равшан”, ки дар ҷои дуюм қарор дошт, 9 имтиёз бештар шуд ва мутаносибан бори 12-ум қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Ҳамчунин қаблан дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб 32-юмин мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон миёни "Истиқлол" ва "Равшан"-и Кӯлоб баргузор шуда буд.
Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт ва дар силсила зарбаҳои 11 метра, бозигарони дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуданд.
Лентаи хабарҳо
0