Мубориза бо коррупсия дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон пурзӯр мешавад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2023
Обуна шудан
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз масъулини Вазорати нақлиёти кишвар хост, муштаракан бо фасод мубориза бурда шавад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон бояд фазои зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шаваду мубориза бо фасод аз ҳар як шахс оғоз шавад, чун он кори дастаҷамъист.
Ин нукта дар мулоқоти масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Қиёмиддин Насриддинзода бо роҳбарону масъулини нақлиёти ҷумҳурӣ таъкид шуд.
Зикр гардидаст, ки дар Вазорати нақлиёт барномаи соҳавии муқовимат бо коррупсия таҳия ва тасдиқ кардааст ва ҳар сол дар асоси он нақшаи тадбирҳо оид ба муқовимат ба коррупсия мавриди иҷро қрор дода мешавад.
Муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Раҳим Бобозода таъкид намудаст, ки ҳадаф ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифату фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Аз омӯзиши забони русӣ то мубориза бо фасод: Раҳмон аз аъзои ҳизби ҳоким чӣ хост?
Вобаста ба ин кормандон дар мавриди таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он суҳбатҳо гузаронда мешавад, гуфт манбаъ.
Дар мулоқот полковник Қиёмиддин Насриддинзода ҳушдор додаст, ки барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла, бо мақсадҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ ҷавобгарӣ дорад.
Таъкид гардидаст, ки Агентӣ истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатиро барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар таҳти назорати ҷиддӣ мегирад.
Лентаи хабарҳо
0