Барфи аввал Балҷувон - ноҳия дар ҷануби Тоҷикистонро сафедпӯш кард - видео

Обуна шудан
Барф бо худ паёмҳои хушу начандон меорад. Агар барои кишоварзӣ хуб аст, барои таъминоти ҳаракати нақлиёту нерӯи барқ дар деҳотҷойҳо мушкилот ба вуҷуд меорад
Барф дар ноҳияи Балҷувон заминҳои деҳқонону сокинонро сафедпӯш кард.
Қаблан обуҳавошиносони тоҷик дар бораи абрнок шудани ҳаво ва боридани борону барф хабар дода буд.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 3+8, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Сармои шадид: дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон сарди ғайримуқаррарӣ хоҳад буд?
Тибқи иттилои обуҳавошиносон имрӯз дар минтақаи Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст ва дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона то +18, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0