Баландтарин арчаро дар ИДМ кадом кишвар орост

© Sputnik Новогодние украшения в Душанбе
Новогодние украшения в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Обуна шудан
Дар кишварҳои ИДМ мақомот ба таври анъанавӣ ороиши асосии ҷашни Соли нав - дарахти зебои сӯзанбаргро насб кардаанд. Арчаи кӣ баландтарин буд?
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳамаи пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои таҷлил аз Соли нави 2024 омодагӣ мебинанд.
Мақомот аллакай дар хиёбонҳои марказии шаҳрҳо зебоиҳои солинавӣ насб кардаанд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълум кард, имсол баландтарин арча дар Ишқобод ороста шуд. Баландии он 44 метр аст. Қобили зикр аст, ки соли гузашта рекорди баландтарин арча низ ба пойтахти Туркманистон тааллуқ дошт - он вақт арчаи 41-метра гузошта шуда буд.
Заглушка к инфографике Как отдыхает Таджикистан на Новый год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2023
Сокинони Тоҷикистон дар соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҷои дуюмро арчаи Ереван бо баландии 37 метр азхуд кард.
Инчунин ба сегонаи баландтарин арча дарахти солинавии дар Ӯзбекистон ородода ҷо гирифт. баландии он 35 метр аст.
Дар Душанбе аллакай чун анъана арчаи 30-метра гузошта шудааст. Бори аввал арчаи солинавии чунин баландӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ гузошта шуд.
© SputnikБаландтарин арчаҳои солинавӣ дар кишварҳои ИДМ
Баландтарин арчаҳои солинавӣ дар кишварҳои ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Баландтарин арчаҳои солинавӣ дар кишварҳои ИДМ
Қобили зикр аст, ки ин ягона арчаи солинавӣ дар шаҳр нест - бо фармоиши мақомоти пойтахт майдони назди сирк дар маҳаллаи Фирдавсӣ оро дода шуда, рамзи асосии ҷашн гузошта шуд.
Сокинони Душанбе аз ин зебогиҳо хурсаннд буда, дар хиёбонҳо аксбардорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0