Кишвари довталаб ба раёсат дар Иттиҳоди АвруОсиё маълум шуд

Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2023
Обуна шудан
Дар пайи ҷаласаи парлумон, Арманистон аз нақшаҳояш барои соли ояндаи 2024, аз ҷумла эҳтимоли раёсат дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эълон кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Парлумони Арманистон барои ҳукумати кишвараш қабули раҳбарӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соли 2024-ро тавсия додаст.
Ин нуктаро дар пайи ҷаласаи парлумони Арманистон, роҳбари он Ален Симонян зимни суҳбат бо хабарнигорон баён доштаст.

"Ба шарофати ҳамкорӣ бо ИИАО, аз ҷумла, иқтисоди Арманистон рушд мекунад", - гуфтаст роҳбари парлумон ва эҳтимоли роҳбарии Ереван дар иттиҳодияро таъкид намудаст.

Симонян аз ҷумла ба рушди иқтисодӣ аз ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ кардаст.
"Ман фикр мекунам, ки агар ҳукумат қарор кунад, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирад, ин тасмими дуруст хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Симонян тавзеҳ дод, ки кишвар на танҳо бо Русия дар масъалаи таъмини силоҳ, балки бо дигар аъзои иттиҳодия ҳамкорӣ мекунад.
Что значит продление 50% скидки РЖД на перевозку грузов из Таджикистана - мнение эксперта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2023
Ба Тоҷикистон 50% тахфифи "Роҳи оҳани Русия" дар ҳамлу нақли бор чӣ медиҳад - видео
Қаблан Департаменти омори КИАО шарҳи ҳармоҳаи таҳлилиро оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии иттиҳодия барои моҳҳои январ-октябри соли 2023 нашр кард, ки умдатан рушдро нишон медиҳанд.
Тибқи ҳисобҳо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии иттиҳодия 1,7 трлн долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ беш аз 3% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё азми худро барои таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими эътимод миёни соҳибкорон ва истеъмолкунандагон изҳор карда буданд ва афзуданд, ки таваҷҷуҳро ба бозорҳои дохилӣ бештар мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0