Пирӯзии ду размикори тоҷик дар АСА168: Одилов ба финали Гран-прии мусобиқа баромад

Обуна шудан
Шоми муҳорибаҳо дар Absolute Championship Akhmat барои ду варзишкори тоҷик бо тахаллуcи "Терминатор" ва "Снайпер" бо пирӯзиҳои боварибахш анҷом шуд
Размикори тоҷик Фаридун Одилов ба финали Гран-при оид ба вазни нимасангини АСА баромад.
Барои расидани ба ин зина ӯ шаби 24 декабр дар як рақобати шадид бар Михаил Мохнаткини рус пирӯз шуд.
Одилов дар аввал аз худ маҳорати воло нишон дода бо усули хоси худ, ҳимояву ҳуҷум Мохнаткинро дар раунди сеюм нокаут кард.
Барои Фаридуни 31-солаи ин пирӯзӣ 18-уми пирӯзияш буд. Ӯ дар корномаи варзишияш ду мусовӣ ва ду бохти дигар дорад.
Ҳарифи ӯ Михаил Мохнаткин 33-сол дошта, аз 23 набард 15 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 6 бохт дорад.
Ҷарроҳии пойи Алиев чӣ гуна гузашт?
Фаридун Одилов, ки бо тахаллуси "Терминатор" машҳур аст, дар вазни 93 кг рақобат мекунад ва қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои тилои Гран При ACA азм дорад.
Вай таъкид кард, ки барои муборизаҳо хуб омодагӣ дида барои расидан ба ҳадафаш сахт талош дорад.
Дар ин мусобиқа размикори дигари тоҷик Анис Ёқубов бар ҳарифи узбекистонияш Иброҳим Шоимов пирӯз шуд.
“Тирҳои заррин” барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон – видео
Барои расидан ба пирӯзӣ бар Ёқубов ҳамагӣ 15 сония кифоягӣ кард.
Ҳамакнун ин размикор, ки бо тахаллуси "Снайпер" маъруф аст, 8 пирӯзӣ ва 1 бохт дорад.
Лентаи хабарҳо
0