Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро аз сар хоҳанд гирифт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2023
Обуна шудан
Ҳамкорӣ ва равобити тиҷоратии Ҳиндустон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар гуфт, ки кишвараш музокирот дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро дар моҳи январи соли 2024 аз сар хоҳад гирифт.
Дар авоили соли оянда тимҳои музокиракунандаи ду кишвар мулоқот хоҳанд кард, ки ин тавофуқ дар мулоқот бо муовини нахуствазири Русия Денис Мантуров ҳосил шудааст, навиштааст раиси вазорати хориҷа дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) .
"Ман интизорам, ки музокироти рӯ ба рӯ то охири моҳи январ оғоз мешавад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ бар асари пандемияи коронавирус моҳи марти соли 2020 қатъ гардидиа буд.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2023
Кишварҳои ИИАО Эъломияи рушд то соли 2045-ро қабул карданд: тафсилот
Моҳи декабри соли 2021 Ҳиндустон ва ИИАО машваратҳои пешакии коршиносонро анҷом доданд ва ба мувофиқа расиданд, ки музокирот дар ин маврид дар аввали соли 2022 оғоз кунанд. Бо як қатор сабабҳо гуфтушунид гузаронда нашуд.
Ҳаҷми гардиши савдои Ҳиндустон бо кишварҳои ИИАО дар соли молиявии 2022-2023 50,3 млрд долларро ташкил дод, ки аз ин 49,3 млрд доллари он бо Русия буд.
Қаблан кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Эрон як созишномаи васеъмиқёсро имзо карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0