Ифтитоҳи намоишгоҳи тахассусии тавонмандиҳои Эрон дар Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Дар Маҷмааи "Манеж"-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Эрон ифтитоҳ гардид, ки дар он беш аз 50 ширкати эронӣ ҳузур доранд
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ ин муаррифии дастовардҳои илмию фаннӣ, маҳсулоти ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ мебошад.
Дар ин намоишгоҳ 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо маҳсулоти худро муаррифӣ доранд.
Намоишгоҳ то 29 декабр идома ёфта, соҳибкорони Тоҷикистон дар он иштирок намуда, имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро бо намояндагони ширкатҳои эронӣ ба даст меоранд.
Тоҷикистону Эрон лоиҳаҳои нави ҳамкориро баррасӣ карданд
Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз истеҳсолкунандагони эронӣ молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати кишвар, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.
Лентаи хабарҳо
0