Омӯзгори тоҷик соҳиби ҷоизаи бонуфузи Русия шуд

© iStock.com / teekidПлан здания
План здания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Обуна шудан
Омӯзгори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барандаи ҷоизаи Борис Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ шуд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Омӯзгори калони кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Далер Орипов барандаи ҷоизаи Б.И. Тихомиров дар самти сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашӣ дар соли 2023 гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия Сергей Музиченко, ректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав Павел Акимов, роҳбарияти Корпоратсияи давлатии "Ростех", ҶСК "Технодинамика" ва дигарон иштирок доштанд.
Қайд карда шудааст, ки Далер Орипов дар номинатсияи "Барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва ҳалли инноватсионалӣ” бо лоиҳаи "Коркарди конструксияхои борбардори бино аз профилҳои нахи шишагин" ғолибият ба даст оварданд.
Труппа Театра им. Камола Худжанди в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт
Таъкид шуд, ки мукофоти мазкур дар соҳаи сохтмони саноатӣ ва лоиҳакашии ба номи Б. Тихомиров барои корҳое мукофотонида мешаванд, ки дар инкишофи лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти саноатӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои пешқадами конструкторӣ, лоиҳакашӣ, техникӣ ва технологӣ ҳиссаи калон мегузоранд. Ин Ҷоиза ба рушди нерӯи кадрии соҳаи сохтмон нигаронида шудааст.
Ҷоизаи мазкур бо мақсади гиромидошти номи конструктори барҷаста Борис Иванович Тихомиров аз ҷониби холдинги "Технодинамика", Иттиҳодияи муҳандисони мошинсозии Русия, Корпоратсияи давлатии "Ростех", Вазорати сохтмони Русия ва Ҳукумати Тотористон ташкил гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0