Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Намоиши зарбаҳои "Град" дар минтақаи амалиёти вижа - видео

Обуна шудан
Низомиёни Русия нобудсозии техника ва нерӯи зиндаи ҳариф дар минтақаи амалиёти вижаро бо истифода аз силоҳҳои мухталиф идома дода истодаанд
Вазорати дифои Русия наворҳои кори ҷангии экипажҳои маҷмааи реактивии оташи вусъатдори "Град"- ро намоиш дод.
Дар навор амалиёти оташкушоии гуруҳи "Ҷануб" дар минтақаи амалиёти махсус сабт шудааст.
"Тӯпчиёни гурӯҳи нерӯҳои "Ҷануб" ба нерӯ ва техникаи ҳарбии душман зарба заданд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиа.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳайати идории "Град" бо дарёфти маълумот дар бораи ҷойгиршавии душман аз воҳидҳои иктишофӣ, дар як зарба ҳадафро несту нобуд кард.
Ахиран расонаҳои ғарбӣ хабар дода буданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ҳазорон нафар аз низомиён, аз ҷумла таҷрибадортарин ва бомалакаро аз даст дод. Бо вуҷуди талафот ба дастоварде ноил нашудаст, афзуданд манобеъ.
Шикасти НАТО дар бархӯрд бо Русия пешгӯишаванда аст
Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0