Тағйироти кадрӣ дар Оҷонси назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ ва ВМКБ

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2024
Обуна шудан
Сарвари давлат ҳамзамон Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии кишвар озод кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 27 январ бо судури якчанд қарору фармонҳо тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод.
Ҳамин тариқ бо фармони раисҷумҳур раиси Оҷонси назорати маводи нашъаовар генерал Воҳидзода Ҳабибуллоро аз мақомаш барканор шуд.
Ӯро дар ин мақом Самад Зафар Тағой, ки то ин замон мақоми муовини раиси ин ниҳодро ба зима дошт иваз намуд.
Воҳидзода бошад, ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон муовинони Прокурори генералии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод Саид, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, муовини Прокурори генерали-сарпрокурори ҳарбии кишвар Зоирзода Икром Оймаҳмадро аз мақомҳояшон барканор кард.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2024
Сафир, муовини якуми вазир таъйин шуд: Раҳмон дар ВУХ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Раисҷумҳур Каримзода Умед Раҳматшоро ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералӣ ва Азимзода Сарвар Бозорро муовин таъйин кардааст.

Президент дар ВМКБ чӣ тағйирот анҷом дод?

Дар мувофиқа бо президент прокурори ВМКБ, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино, Кӯшониён таъин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тағйироти кадрӣ як қатор раисони навоҳии ВМКБ-ро низ таъйину барканор кард.
Ӯ барои ба вазифаи муовинони раиси вилоят таъин намудани Амирбекзода Ҳабибулло ва Мирзозода Мусо розигӣ дод.
Ҳамзамон бо фармони ӯ Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвози барканор ва ба ҷояш Носирзода Умедҷон Саидҷон таъйин шуд.
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони барканор ва ба ин мақом Шоисматуллозода Комил иҷрокунандаи таъин гардид.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2023
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон: Раҳмон аз хатарҳо ҳушдор дод
Аҳмадзода Илҳом Шамол бошад, бо иваз кардани Додихудоев Фарух Муборакшоевич раиси ноҳияи Рӯшон шуд.
Ҳамчунин Иматшозода Анвар Иматшо дар мақоми раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммадро иваз кард.
Сафарзода Лашкар Аслам бошад ба курсии раиси ноҳияи Роштқалъа такя зад, ки то ин замон дар ихтиёри Шомирзозода Аъзам Мирмамад буд.
Сафарзода то ин замон вазифаи муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президентро ба зима дошт.
Сарвари давлат ҳамзамон Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии кишвар озод кард.
Лентаи хабарҳо
0