Президенти Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳар оила бояд захираи дусолаи ғизо дошта бошад

© Sputnik / Vitaly Timkiv / Гузариш ба медиабонкЗерна риса у полей ГУП "Кубанские продукты"
Зерна риса у полей ГУП Кубанские продукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2024
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз пешгӯйинашаванда будани вазъи ҷаҳон, гусастани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархҳо ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати доштани захираи дусолаи ғизо барои ҳар оилаи кишварро таъкид кард.
Вай дар паёми ҷадидаш ба мардум таъкид намуд, ки афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.
"Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад", - гуфт Раҳмон.
Ба иддаои президенти Тоҷикистон ин пешниҳодаш бар пояи таҳлилҳои амиқ ироа гардидаст.
"Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд", - тавзеҳ дод ӯ.
Выращивание помидоров в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2024
Ҳосили гармхонаҳои шимоли Тоҷикистон дар соли 2023 афзудааст: тафсилот
Вай инчунин хотирнишон намуд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтаанд.
Дар ҳамоин шароит Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён зарур хонд, ки бояд боз ҳам бештар заҳмат кашанд.
Вай муҳим донист, ки замину об самараноку оқилона истифода бурда шаванду, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол гардид. Ин барои амалисозии ҳадафи стратегии миллӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар зарур дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0