Футбол, болоравии нархҳо ва сохтмонҳои калон: моҳи январ дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Обуна шудан
Оғози соли 2024 барои шаҳрвандони оддӣ зери парчами ғалабаи варзишӣ ва дигаргуниҳои ҳам ҷолиб ва баъзан на он қадар назаррас гузашт
Хурсандитарин ҳодисаро шояд метавон пирӯзиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар номид, аввал бар лубнониҳо ва баъдан бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб. Ёдрас мекунем, ки президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи бозии аввал дар Қатар буд ва варзишгаронро бо суханони нек дастгирӣ намуд. Аммо ҳадафи сафари ӯ ба Доҳа чанд созишномаи муҳими муфид барои рушди Тоҷикистон буд.
Чизе ки тоҷикистониёнро нороҳат мекард, ин эҳтимолияти болоравии нархи тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ буд, ки аз авоили моҳи январ паёмҳои огоҳкунанда дар ин бора ирсол мекарданд. Аммо пас аз дахолати Хадамоти алоқа ба болоравии нархҳо роҳ дода нашуд.
Дигар хабари муҳими иҷтимоӣ манъи ниҳоии телефонҳо ва дигар абзори мобилӣ барои мактаббачагон дар вақти дарс дар мактабҳо буд. Тафсилоти бештар дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳои моҳ дар матолиби Sputnik Тоҷикистон.
Ғалабаи мунтахаби Тоҷикистон
Моҳи январи соли 2024 бо ду рӯйдоди муҳими олами футбол хотирмон шуд, мунтахаби Тоҷикистон ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2023 ва баъдан дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бар Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омада бори аввал дар таърих ба даври чорякфиналии ин мусобиқаи бонуфузтарини қоравӣ роҳ ёфт.
Ҳарду бозӣ дар Қатар баргузор шуданд, дар остонаи дидор бо мунтахаби футболи лубнонӣ шахсан Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ба қароргоҳи дастаи мунтахаб омад ва варзишгарон ба раисиҷумҳур яктаи футболи дорои ороишоти миллӣ ва парчами кишвар ҳадя карданд. Сарвари давлат пас аз бозгашт ба Ватан туҳфаҳоро ба Осорхонаи миллӣ супорид.
Ёдастгирии президент ва мухлисоне, ки ба Қатар омадаанд буд, ё заҳмати сармураббӣ Петр Сегрт (дурусттараш ҳарду) буд, ки даста тавонист дар муқобили Аморати Муттаҳидаи Араб бозии олиҷаноб нишон диҳад. Бо шарофати дарвозабон Рустам Ятимов, ки зарбаҳои душворро бармегардонд ва зарбаҳои мерганона дар силсилсаи пеналтӣ футболбозони Тоҷикистон бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2024
Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби Тоҷикистон 450 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад
Ҷоизаи сазовор барои футболбозон на танҳо кафкӯбиҳои мухлисон ҳам дар Доҳа ва ҳам дар ҷумҳурӣ буд, балки ҷоизаи хеле назарраси молиявӣ аз тарафи раиси шаҳри Душанбе ва раиси Федератсияи футбол Рустами Эмомалӣ низ шуд, ки ба мунтахаб ва сармураббиаш 450 ҳазор доллар ҷоиза ҷудо кард.
Раҳмон аз Қатар боздид кард
Аммо Қатар на танҳо майдони пирӯзии Тоҷикистон, балки майдони музокироти муҳими дипломатӣ низ буд. Раҳмон аз Қатар дидан кард ва он ҷо кишварҳо дар бораи ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг созишномаҳои нав ба имзо расонданд.
Сармоягузорони Қатар ҳамчунин барои сармоягузорӣ ба бахшҳои саноати сабук, энержӣ, истихроҷи маъдан, дорусозӣ, нақлиёт, ғизо, сайёҳӣ ва кишоварзии Тоҷикистон даъват шуданд. Барои ноил шудан ба ин мақсад, Тоҷикистон барои қатариҳо реҷаи бидуни раводид ҷорӣ кард ва акнун онҳо метавонанд мӯҳлати то 30 рӯз дар кишварамон ҳузур дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2024
Раҳмон дар Доҳа ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистонро баррасӣ кард
Дар нақшаҳои ояндаи наздик роҳандозии лоиҳаҳои муштараки транзитӣ ва нақлиётӣ дар самти беҳтар намудани ҳамлу нақли бор ва мусофирон пешбинӣ шудаанд, ки минбаъд ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Алоқа гаронтар нашуд?
Моҳи январ ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ба огоҳонидани муштариён шурӯъ карданд, ки нархи тарофаҳо аз 1 феврал боло меравад. Гап дар сари он аст, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кардааст, ки қимати алоқаи мобилӣ то 35-40% боло бурда шавад.
Шарҳ хеле оддӣ буд, аз аввали сол нархи иҷораи биноҳо ва майдонҳои истгоҳҳо боло рафта, нархи таҷҳизоти истгоҳҳои мобилӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмир низ боло рафт. Афзоиши тарофаҳо, ба андешаи идора, бояд ба рушди соҳа мусоидат намуда, имкон диҳад, ки буҷети давлатиро барои эҳтиёҷоти дигар сарфа намояд.
Мардум нороҳат шуданд, аммо, чунон ки маълум шуд, беҳуда. Хадамоти алоқа, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ розӣ набуд, аз ширкатҳо даъват кард, ки нархҳоро боло набаранд, зеро ин амалҳо хилофи дастури раисиҷумҳур дар бораи дастрас будани алоқа барои шаҳрвандон аст.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад
Умуман, чунин муноқишаи байниидоравӣ барои Тоҷикистон ғайриоддӣ аст, чунки одатан вазоратҳо дар аксари масъалаҳо якдилии ҳайратовар нишон медиҳанд. Савол ин аст, ки оё тарофаҳо воқеан дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонанд ё барои муштариён пардохтҳои ғайримустақим ҷорӣ мешаванд?
Шумо бо телефони мобилӣ ба мактаб рафта наметавонед
Вазорати маорифи Тоҷикистон билохира истифодаи телефону планшетро ба хонандагон дар мактабҳо, ҳатто бо мақсадҳои таълиму тарбия манъ кард. Сабабро чунон шарҳ доданд, ки қаблан дар муассисаҳо норасоии шадиди китобҳои дарсӣ вуҷуд дошт, аз ин рӯ ба кӯдакон иҷоза дода мешуд, ки аз гузинаҳои электронии китоб истифода баранд, аммо ҳоло китобҳо харидорӣ ва чоп шудаанд, ва ба телефону планшетҳо дигар эҳтиёҷ дар ин маврид нест..
Аслан, аксарияти волидайн бо чунин ақида розӣ ҳастанд, ки кӯдакон бояд таҳсил кунанд ва вақташ беҳуда ба телефону васоити мобилӣ сарф нашавад. Дар баъзе мактабҳо ҳатто қоида вуҷуд дорад, ки кӯдакон дар аввали рӯзи дарс телефонҳои худро дар зарфи махсус ба муаллим медиҳанд ва баъд аз дарс онҳоро мегиранд. Ва агар зарурати фаврии тамос бо оила вуҷуд дошта бошад, муаллим телефонро ба хонанда бармегардонад.
Аммо мушкил дар ин нест, аксари волидайн аз он норозианд, ки телефонҳо аксар вақт қариб бо зӯрӣ ҷамъ мешаванд, хонандаҳо кофтуков мешавад, кӯдакон бе алоқа мемонанд ва барои баргардонидани дастгоҳ баъзан пора додан лозим меояд.
Тағйироти шаҳрсозӣ дар Душанбе
Муҷассамаи Майдони Ғалаба дар шакли танки машҳури ИС-2 канда мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории пойтахт хабар дода, тавзеҳ доданд, ки ин ба бунёди гузаргоҳи нав дар маркази Душанбе марбут аст, ки бояд мушкили танбашавии мошинҳоро дар хиёбонҳо рафъ кунад.
Лоиҳаи Майдони Ғалаба дар Боғи Ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2024
“Майдони Ғалаба” ба “Боғи Ғалаба” мекӯчад
Мувофиқи нақшаба ғайр аз Майдони Ғалаба, тамоми биноҳои пастошёнаи наздики он тахриб мешаванд, то ки барои васеъ кардани рохи мошингард чой шавад.
Аммо дар бораи несту нобуд кардани мероси шӯравӣ ин ҷо сухане нест, мақомот аллакай дар Боғи Ғалаба як маҷмааи махсус бунёд мекунанд, ки дар он танк дар баландии махсуси аён аз шаҳр бо кандакориҳои ёдгорӣ иҳота ҷойгир мешавад.
Бо як сархат.
Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ду озмоишгоҳи сайёри зидди вирусиро супурд, ки барои ошкор кардани сироятҳои хатарнок дар табиат пешбинӣ шудаанд. Яке дар асоси мошини боркаш гузошта шудааст, дуюмро тавассути ҳавопаймо интиқол додан мумкин аст. Ба наздикӣ озмоишгоҳҳо барои гузарондани тадқиқот ба Ҳисор равон мегарданд.
Дар Тоҷикистон андоз барои нобудсозии мошинҳо ҷорӣ шуд. Акнун барои халос шудан аз мотосикл — 360 сомонӣ, микроавтобус ё худгарди сабук — 1584 сомонӣ, мошини калон — 2880 сомонӣ пардохт кардан лозим аст. Шояд баъди ин бисёриҳо хоҳиши ба велосипед гузаштан кунанд.
Аз моҳи январ бо дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи оби полезӣ 150% боло рафтааст ва ҳоло барои 1 метри мукааб ба ҷои 2 дирам 5 дирам пардохт кардан лозим аст. Сабаб афзоиши хароҷоти идораҳои об ва гароншавии нархи қувваи барқ номбар шудааст. Ин тағйирот метавонад боиси болоравии нархҳо дар бозорҳо шавад. Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон ҳамеша чунин аст, агар нарх боло равад, якбора барои ҳама чиз.
Строительство ирригационного канала. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2024
Нархи об дар Тоҷикистон 150% баланд шуд
Бар асари фаромадани тармаҳо дар шоҳроҳи Душанбе ба Хуҷанд қимати мусофирбарони ин хатсайр аз 50% боло рафта, ҳоло аз 225 то 300 сомониро ташкил медиҳанд. Ин ба зиёд шудани давомнокии сафар ва афзудани сарфи сӯзишворӣ вобаста аст. Аҷиб, оё тобистон нархҳо поин хоҳанд шуд?
Вазорати маориф лоиҳаи гузариш ба низоми нави арзёбии дониши хонандагонро дастгирӣ намуд. Акнун ба чои баҳои панҷи муқаррарӣ баҳои даҳ гузошта мешавад, вале ин тасмим фақат баъди омодагии зарурии ҳамаи манотиқи кишвар роҳандозӣ мегардад. Ҳоло аз рӯи ин низом дар кишварҳои ИДМ, аз қабили Молдова, Арманистон, Қазоқистон ва Белоруссия дониши хонандагон баҳогузорӣ мегардад.
Дар Душанбе автобусҳои барқии дар Тоҷикистон баровардашуда ба хатсайрҳо баромаданд. Онҳо низ мисли мошинҳои барқӣ бо нерӯи барқ ​​пур карда мешаванд ва чуноне, ки арзёбӣ мегардад ба муҳити зист зарар намерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0