Бархе фаъоланду пинҳон мекунанд: Шарҳи Шералӣ Кабир дар бораи тавқифи кори 426 корхона

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШерали Кабир, министр промышленности РТ
Шерали Кабир, министр промышленности РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Обуна шудан
Расман сабабҳои аз кор мондани корхонаҳоро ба анҷоми муҳлати иҷозатнома, надоштани маблағ, набудани фармоиш, фарсудагии дастгоҳҳо ва ғайра рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ карда, дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Шералӣ Кабир.
Дар раванди кори саноатӣ бархе корхонаҳо вобаста ба чандин омил метавонанд фаъолияти худро қатъ кунанд ва мо ба ин назар нестем, ки ҳамаи корхонаҳои мавриди назар аз кор мондаанд, гуфт Шералӣ Кабир дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон.
“Бале, аз нигоҳи берунӣ чунин ба назар мерасад, аммо асли воқеият дигар аст. Инҳо аслан корхонаҳоеанд, ки нишондодҳои сифрӣ пешниҳод кардаанд. Ин чӣ маъно дорад? Онҳо қудрати истеҳсолӣ доранд, аммо ба далоили мухталиф кор накардаанд ва нишондоди сифрӣ дар ихтиёри омор гузоштаанд”, - гуфт вазир.
Вай дар шарҳи ин суханонаш афзуд, агар корхона ду сол нишондоди сифрӣ пешниҳод кард, ба ҷумлаи корхонаҳои бозистода шомил мешавад ва ин ба он маъност, ки дар ҳоли фароҳам шудани шароит метавонад дигарбора ба фаъолият шуруъ кунад.
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Тилофурӯшӣ барои ҷилавгирии долларишавӣ дар Тоҷикистон
“Ин ба он маъност, ки бозистодан ё муваққатан кор накардани корхонаҳо дар соҳаи саноат ё ҳар соҳаи дигар як тамоюли табиӣ ва дуруст аст ва ҳам ҷои нигаронии хос надорад, зеро метавон вазъро ислоҳ кард”, - шарҳ дод вазир.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, тайи соли 2023 дар кишвар 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод кардаанд ва дар ин миён 729 корхонаи нав ба кор шуруъ кардаанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, корхонаҳое, ки аз кор мондаанд ё баланси сифрӣ пешниҳод карданд, воқеан зиёд шуданд, аммо таъсири ҷиддӣ ба нишондиҳандаҳои умумии саноати ҷумҳурӣ надоранд.
“Вақте мо ин оморро ба таҳлил гирифтем, ба ин натиҷа расидем, ки 426 корхонае, ки аз фаъолият мондаанд, дар ҳаҷми тавлиди маҳсулоти тамоми саноати ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0,9% саҳм доранд, ҳатто 1% не”, - гуфт вазир.
Дар посух ба ин суол, ки бештар чӣ навъи корхонаҳо фаъолияти худро мутаваққиф кардаанд, Шералӣ Кабир гуфт, як қисмати бузурги онҳо корхонаҳое ҳастанд, ки асосан, дар вилояти Хатлон ба коркарди пахта машғул буданд, аммо на корхонаҳои бузурги пахта, балки ҳамонҳое, ки ба “пахтазанак” маъруфанд.
“Як қисмати бузург истеҳсолкунандагони оби нӯшокӣ буданд, ки дар истеҳсоли об бо меъёрҳои байнулмилалӣ бо ширкатҳои маъруф, масалан, “Оби Зулол” рақобат карда наметавонистанд. Ва ду соли гузашта фаъолият накарданд ва дар омор фаъолияти сифрӣ нишон доданд”, - гуфт вазир.
Вай дар пайванд ба корхонаҳои пахтаи Тоҷикистон, ки асосан аз даврони Шӯравӣ мондаанд, гуфт, аксари кулли онҳо бо технологияҳои ҳамон давра кор мекунанд.
Швейная фабрика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2024
Русия дар Кӯлоб корхонаи нассоҷӣ месозад
“Ин як камбуди онҳост, ки дастгоҳҳои худро таҷдид намекунанд, харҷашонро аз ҳисобу барқу дигар хароҷот кам намекунанд. Аммо корхонаҳое ҳастанд, масалан, “Пахтаи тоҷик” дар Спитамен, ки худ технологияи пешинаро дорад, аммо корхонаи нав сохт ва ҳоло бо муваффақият кор мекунад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, технологияҳои ҷадид дар соҳаи коркарди пахта, бахусус, дар тавлиди риштаи дароз муҳиманд, чун аз он матоъ сохта ва аз матоъ маҳсулоти ниҳоӣ омода мешавад, аммо технологияҳои пешина чунин риштаро тавлид карда наметавонанд ва риштаи онҳо посухгӯи бозор нест.
“Корхонаҳои мо қудрати коркарди 2 млн тон пахтаро доранд, аммо чун мушкил дорем, зарур нест. Беҳтараш, 500 ҳазор тонро корхонаҳое, ки имкон доранд ва меъёрӣ ҳастанд, коркард кунанд, бақия самти фаъолияти худро тағйир диҳанд. Онҳо заминҳои саноатиро банд кардаанд. Агар ягон технопарк ташкил кунанд ва онҳоро бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз кунанд, беҳтар аст”, - гуфт Шераллӣ Кабир
Дар робита бо корхонаҳое, ки нишондоди сифрӣ ба омор пешниҳод мекунанд, вай гуфт, бархе корхонаҳое низ ҳастанд, ки кор мекунанд, аммо ба омор нишон намедиҳанд.
“Дар чор моҳи соли 2022 мо фақат дар соҳаи ихроҷи қуму шағал зиёда аз 300 млн сомонӣ маҳсулотро ба омор ворид сохтем, ки мутаассифона, нишон надода буданд. Мутаассифона, бемасъулиятии баъзе аз соҳибкорони мо аст”, - таъкид намуд ӯ.
Тибқи иттилои расмӣ, аз 426 корхонае, ки аз кор мондаанд, аксари онҳо ба саноати хӯрокворӣ (251), мошинсозӣ ва дифоъӣ (73) ва саноати сабук (68) рост меоянд.
Расман сабабҳои аз кор монданашон ба анҷом расондани муҳлати иҷозатномаи фаъолият, надоштани маболиғи гардон, набудани фармоиш, дар ҳоли таъмир будан, фарсуда шудани дастгоҳҳо ва ғайра гуфта мешавад.
Шералӣ Кабир гуфт, тайи солҳои ахир як қатор талаботи ҷадид пеш омад, масалан, бо Кодекси андоз ва дастуру супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон, бахусус ин ки фаъолияти онҳо бояд шаффоф шавад.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
“Аммо вазорати мо бояд иқдоми воқеиро рӯи даст гирад, ки ҳатто корхонаҳое бо 3-4 коргар ҳам фаъолият дошта бошанд ва афзойиши сатҳи некӯаҳволии мардумро таъмин кунанд. Ин ҷои корӣ аст, инҳо бояд ва метавонанд кор кунанд, чун инфраструктура доранд”, - гуфт вазири саноат.
Вай афзуд, бо ин ҳол, тамаркузи аслӣ сари ҳамон корхонаҳои калидие мешавад, ки дар нишондодҳои макроиқтисодии саноати ҷумҳурӣ таъсири калон доранд.
“Як қисмати бузурги корхонаҳо аз даврони Шӯравӣ мондаанд, ки зарфиятҳои калон ва зерсохторҳои заруриро доранд, аммо низ ба технологияҳои ҷадид ва бархе тағйироти дигар доранд, мо сари онҳо бештар тамаркуз хоҳем кард”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Бино ба маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя теъдоди корхонаҳое, ки аз Шӯравӣ боқӣ монда, ба муддати тӯлонӣ кор намекунанд, 124 адад аст, ки 3,6% дарсадро ташкил мекунад. Ин рақам дар Озарбойҷон – 4,5%, Қирғизистон – 6,7% ва Ӯзбекистон – 4% аст.
Лентаи хабарҳо
0