Путин ба муаррихи тоҷик орден дод

© Sputnik / Амир ИсаевИсторик Гафур Шерматов
Историк Гафур Шерматов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Обуна шудан
Ғафур Шерматов барои хизматҳояш дар самти таҳкимбахшии дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои Русия ва Тоҷикистон бо ҷоизаи давлатӣ мукофотонида шуд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов бо ордени Дӯстӣ мукофотонида шуд.
Вай бо фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин мукофотро гирифтааст.
"Барои хизматҳояш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ба Ғафур Ашӯрович Шерматов мукофотонида шавад", — гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷате, ки дар вебсайти Кремл нашр шудааст.
Муаррих аз Душанбе бо таҳқиқи мероси меъмории шӯравӣ ва ҷустуҷӯи маълумоти гумшуда дар бораи низомиёни саршиноси Русия ва Тоҷикистон, олимон ва ҳунармандон маъруф аст.
© SputnikСкан приказа Путина о награждении Шерматова
Скан приказа Путина о награждении Шерматова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Скан приказа Путина о награждении Шерматова
Ғафур Шерматов - номзади илмҳои таърих, раҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии ёдбудии "Памят-201" ё худ "Хотира - 201" мебошад, ки дар назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фаъолият долрад.
Лентаи хабарҳо
0