Раҳмон талафот ва ҷамъоварии пули барқро ташвишовар хонд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи, архивное фото
Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2024
Обуна шудан
Президент гуфтааст, ки барои фаъолияти муназзами тамоми соҳаҳо таъмин намудани реҷаи тақсимоти барқ ва об тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Коҳиши таъминоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи январ ба 14,9% расидааст, ки нигаронкунанда мебошад.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар бо натиҷагирӣ аз моҳи аввали соли равон изҳор дошта, гуфтааст, ки вазъ андешидани тадбирҳои иловагиро дар соҳа тақозо менамояд.
Сарвари давлат ҳамчунин ҳаҷми талафоти неруи барқ ва вазъи ҷамъоварии маблағи истифодаи онро ташвишовар хонд.
"Вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии "Барқи Тоҷик", "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд",- навиштааст котиботи президент.
Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2024
“Айби табиат ё мудирият”: чаро барқ дар Тоҷикистон нест?
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки барои фаъолияти муназзами тамоми соҳаҳо, хусусан, дар давраи зимистону баҳор, сарфакорона истифода бурдани маводи захирашуда, инчунин, таъмин намудани реҷаи тақсимоти барқ ва об тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.
Ӯ ҳамзамон доир ба истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Қаблан вазири энергетика ва захоири оби кишвар гуфта буд, ки ҷамъоварии умумии неруи барқ аз бозори дохилӣ бо дарназардошти 504,8 млн. сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои қарзҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва муассисаҳои буҷетӣ 95,7 % ё 4 млрд. 143 млн. сомониро ташкил намуд.
Ҷамъоварии воқеӣ бе дарназардошти ҳисоббаробаркуниҳо дар соли 2023 ҳамагӣ 3 638,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои буҷети ҷамъият 142,2 млн. сомонӣ ё 3,8 % кам мебошад.
Дар ин ҷода, татбиқи чораҳои зарурӣ, хусусан иҷрои талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” нақши калидӣ дорад, ки дар ин самт дар соли 2024 корҳои амалӣ вусъат дода мешаванд.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2024
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?
Яке аз ҳадафи калидии ислоҳоти соҳа ин таъмини мустақилияти молиявӣ ва бо фоида ҷамъбаст намудани фаъолияти ширкатҳои энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади муайян ва кам намудани талафоти технологӣ дар доираи лоиҳаи "Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтар-гардонии низоми интиқоли барқ” корҳо оид ба пайваст намудани ҳисобгиракҳои ҳозиразамони электронӣ ба барномаи АСКУЭ идома дода шуданд.
Яъне ба аҳолӣ дар бораи барқи истифодакардаашон ва маблағи он паёмакҳо ирсол мегардад ва пардохтҳо эллектронӣ сурат мегирад, ки ҷамъоварии маблағро осону корро шаффоф мегардонад.
Вазир гуфт, дар ҷумҳурӣ соли 2023, истеҳсоли неруи барқ 21 млрд. 861,3 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178,8 млн. кВт соат ё 0,8 % ва нисбат ба соли 2022 462,3 млн. кВт. соат ё 2,2 % зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0