Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия видеои ҷадиди фирори сарбозони украиниро аз Авдеевка нашр кард

Обуна шудан
Дар видео дида мешавад, ки чӣ тавр тӯпҳои Русия сарбозон ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро, ки талоши фирор карданро доранд, нобуд месозад
Вазорати дифои Русия видеои нави ақибнишинии беинтизоми сарбозони артиши Украина аз шаҳри Авдеевка зери оташи нирӯҳои Русияро нашр кард.
"Роҳҳое, ки таҳти назорати доимии артиши Русия қарор доранд, издиҳоми афсарони фирорӣ ҳаракат мекунанд. Дар канори роҳҳо таҷҳизоту техникаи нобудшудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина царор доранд", - омадааст дар хабар.
Авдеевка озод шуд: Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Донетск амнтар мешавад
Дар навор дида мешавад, ки чӣ тавр тӯпҳои Русия сарбозон ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро, ки талоши фирор карданро доранд, нобуд мешаванд.
Вазорати дифоъ ҳамчунин наворҳои тахриби як мошини ҷангии пиёдагарди Украинаро тавассути паҳподи интиҳорӣ намоиш дод.
Лентаи хабарҳо
0