Коршинос дар бораи Толибон*, гуруҳҳои террористӣ ва хатарҳои ношӣ аз он гуфт

© AFP 2023 / SHAFIULLAH KAKARСилы безопасности талибов в Афганистане
Силы безопасности талибов в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Ба эътиқоди таҳлилгар, ҳукумати Толибон* ба мушкили амнияти Афғонистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Масъалаи амният яке аз самтҳои муҳимтарини ҳукумати Толибон* мебошад.
Дар ин бора Вячеслав Некрасов, доктори илмҳои иқтисод, узви раёсати Шӯрои тиҷоратии рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон дар Палатаи савдо ва саноати Русия дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт.
"Мушкил дар он аст, ки аксари паштунҳо дар Покистон зиндагӣ мекунанд ва онҳо хоҳиши пайвастшавии дубораро доранд, мисли курдҳо, анъанаи чандинасра дорад ва ин идома хоҳад ёфт. Афғонистон бошад, хати Дюрандро (хати номуаяни сарҳади тақрибан 2640 км байни Афғонистон ва Покистон .) эътироф накардааст,"- мегӯяд ӯ.
Ба қавли вай, “ин марз пайваста гарм аст, ё месӯзад ё аланга мезанад”.
"Ҳатто имрӯз ҳам табодули оташ ба назар мерасад. Аксари афғонҳо бар ин назаранд, ки Покистон яке аз душманони аслӣ ё таҳдид ба амнияти Афғонистон аст", - афзуд коршинос.
Толибон* равшан мефаҳманд, ки таҳдидҳои дигари берунӣ, масалан, дуртар аз англосаксонҳо мавҷуданд.
Инчунин, дар худи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳам ҳама чиз ин қадар оддӣ нест, масалан, "Ҳаракати исломии Узбекистон"** вучуд дорад, ки барои Афғонистон, ба Узбекистон ва тамоми минтақа таҳдид мекунад.
"Амрикоиҳо гурехтанд, силоҳҳои худро партофта рафтанд, аммо вақт мегузарад, онҳо баду корношоям мешаванд. Афғонҳо чизе доранд, ки бо онҳо муқоиса мекунанд, ба хулосае омаданд, ки силоҳҳои Русия барои онҳо бештар аз ҳама мувофиқанд. Онҳо таъмиршавандаанд ва бо қувваи худ нигоҳубину таъмир кардан мумкин аст", - мегӯяд Некрасов.
Вячеслав Некрасов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Коршинос: Афғонистон барои эҷоди манбаи ташаннуҷ дар Осиёи Марказӣ истифода мешавад
Ӯ афзуд, ки музокироти амниятӣ миёни Афғонистон ва Русия идома дорад. Ҳамкорӣ дар ин самт ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои ИДМ давом дода, ба муътадил гардондани вазъияти Осиё ва тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.
Гуфтаҳои Некрасов дар ҳолест, ки коршиносони дигар худи толибҳоро манбаи хатар дар минтақа унвон мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо даҳҳо гуруҳҳои террористӣ зери ҳимояти ин гуруҳ қарор доранд, ки он барои фишор ба минтақа аз онҳо истифода мекунад.
*Толибон созмонест, ки барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
** Ташкилотҳои террористӣ, дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0