Азми ИИАО барои безараргардонии нақлиёт барои иқлим

© Sputnik / Кирилл КаллиниковЗарядка электромобилей, архивное фото
Зарядка электромобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Ғайрикарбонсозии нақлиёт, ки чоряки партобҳо ба муҳити атроф маҳз ба ин соҳа рост меояд, аз сархатҳои барномаи кории Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тамоюлҳои ҷадиди ҷаҳонӣ, аз қабили рақамисозию тадобири иқлимӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ин нуктаро вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Арзибек Кожошев дар ҳамоиши байналмилалии СММ баён дошт.
Мавзӯи асосии чорабинӣ декарбонизатсияи нақлиёт буд, зеро дар саросари ҷаҳон чоряки тамоми партовҳои CO2 аз он рост меояд, афзуд дафтари матбуоти КИАО.
Вазир дар ҳамоиш дар бораи кори Комиссияи иқтисодии Авруосиё оид ба рӯзномаи иқлим маълумот дод.
Заглушка к инфографике Сколько жителей трудоспособного возраста в странах ЕАЭС и Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ва ИИАО - тасвирбаён
Бахши иқлимӣ як ҷузъи ҳамгироии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, танзими тахникӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар самтҳо мебошад.
Аз ҷумла, таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккули механизмҳои муштараки бозорӣ ва ғайрибозории танзими карбон аз самтҳои калидии фаъолият аст, афзуд ӯ.
"Мо барои ҳифзи системаи экологӣ масъулем ва талошҳои муштаракба мо имкон медиҳад, ки рушди бӯҳрони иқлимиро суст кунем", - афзуд Кожошев.
Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз тарҳҳои бузурги ҳамгироии минтақавӣ мебошад, ки ҳаракати озоди пул, қувваи корӣ ва хадамотро таъмин месозад.
Лентаи хабарҳо
0