Қонуни афви дороӣ дар Тоҷикистон як соли дигар тамдид шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Обуна шудан
Дар замони амали қонуни афви амвол дар Тоҷикистон, ки имкон медиҳад дороию маблағҳо қонунӣ гардонида шавад, 5,9 млрд сомонӣ қонунӣ карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагон муҳлати амали қонун "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон"-ро як соли дигар тамдид намуд.
Раиси Бонки миллииТоҷикистон, Фирдавс Толибзода зимни муаррифи тағйирот гуфт, қонуни мазкур соли 2021 қабул шуда, 30 моҳ аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтан, 5-уми январи соли равон амал кард, навиштаст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Вай зарур хонд, ки муҳлати амали қонун боз тамдид карда шавад, чун раванди расмикунонии дороиҳо вусъат ёфтаст.
Толибзода тавзеҳ дод, ки солҳои 2021-2022 бинобар пурра дарк нашудани шарту талаботи қонунигардонӣ аз тарафи аҳолӣ ва сари вақт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис наёфтани комиссияҳои қонунигардонии дороиҳо, раванди амали он заиф буд.
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2024
Роҳи Душанбе - Хоруғ кушода шуд: Хатар ҳанӯз ҳам боқист
"Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2023), ки бо тамдиди муҳлати амали қонун ба як соли дигар оғоз ёфта буд, раванди қонунигардонӣ туфайли фаъолияти тарғиботии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои масъул вусъат пайдо кард", - изҳор дошт ӯ.
Дар марҳилаи сеюм, яъне нимаи дуюми соли 2023, бо тамдиди амали қонун ба муҳлати шаш моҳи дигар натиҷаҳо мусбат буданд.
Маҷмуан дар замони амали қонуни афви амвол дар Тоҷикистон, ки имкон медиҳад дороию маблағҳо қонунӣ гардонида шавад, 5,9 млрд сомонӣ қонунӣ карда шудаанд, иттилоъ дод раиси Бонки миллӣ.
Ҳадафи тамдиди қонунро ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ тавассути тақвияти минбаъдаи ҷалби сармоя, бахусус сармояи дохилӣ арзёбӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0