Эрон омодагияшро барои иштирок дар тарҳҳои бузурги энержии Тоҷикистон баён дошт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПлотина на Рогунской ГЭС
Плотина на Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Обуна шудан
Вазирони энержии Тоҷикистону Эрон иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии ду кишварро баррасӣ карда, аз нақшаҳо гуфтанд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ширкатҳои эронӣ метавонанд дар ҳамаи бахшҳо, бахусус дар арсаи бунёди тарҳҳои бузурги энержию фаннӣ иштирок кунанд.
Ин нуктаро вазири энержии Эрон, Алӣ Акбари Меҳробиён зимни мулоқоти видеоӣ бо ҳамтои тоҷикаш, Далер Ҷумъа баён доштаст, хабар додаст IRNA.
Меҳробиён аз боздидаш аз НБО "Роғун" зикр кардаст, ки обанбораш бо ҳаҷми 14 млрд метри мукааб, тавоноии 3600 мегаватт ва нақбҳои 100-километрӣ арзишмандтарин тарҳ дар минтақа аст.
Вай гуфтааст, ки ширкатҳои фаъол дар ин тарҳ ва ҳузури дигар ширкатҳои тавонои эронӣ дар анҷоми ин тарҳро таъкид намудаст.
Добыча полезных ископаемых в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Раҳмон хостори ҷӯстуҷӯю ҳисоби беҳтари боигариҳои Тоҷикистон шуд
Ҷонибҳо ҳамчунин иҷрои уҳдадориҳо дар назди нерӯгоҳи "Сангтӯда - 2" бунёди нерӯгоҳи офтобӣ дар минтақаи Варухро баррасӣ намудаанд.
Ҷонибҳо зарурати тавофуқҳои ҳосилшуда дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматиро таъкид кардаанд.
Ҳамчунин ҳамкориҳои зарурӣ барои таъмини маводи сӯхт барои таъсиси корхонаи коркарди нафти Данғара матраҳ шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки Эрон дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон ширкат карда, қаблан бо сармоягузории ин кишвар нерӯгоҳи "Сангтӯда - 2" сохта шуда буд. Инчунин ширкатҳои эронӣ дар сохтмони "Роғун" иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0