Роҳбандиҳо дар Тоҷикистон: КҲФ гуфт, ҳолат то 4 рӯз идома хоҳад кард

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Обуна шудан
Ягона роҳи пулакии пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази ҷумҳурӣ бар асари номусоидии ҳаво ва фаромадани даҳҳо тарма масдуд мебошад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳаракати тамоми намуди воситаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ масдуд карда шуд, иттилоъ дод ширкати роҳбон - IRS.
Ба иттилои ин ширкат, ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, аз километри 61 то 83-юми ин масир беш аз 20 тармаи хурду калон фаромад.
Бинобар ин, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир маҳдуд карда шуд, афзуд манбаъ.
Печь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Фавти волидайну чаҳор фарзанд дар Душанбе аз дуди ангишт
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки аз 1 то 4 марти соли 2024 дар навоҳии куҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар феҳрасти масирҳои хатарзо аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб ном бурда шуданд.
Кумита аз сокинон хоҳиш дорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Аз ронандагон даъват шудаст, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳои худро аз қабл барои сафар омода созанд, ҳамеша асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанду фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0