Миёни кишварҳои ИИАО Қазоқистон аз рӯи суръати афзоиши касри буҷа пешсаф шуд

© Foto / POOL / Гузариш ба медиабонк Флаги стран-участниц ЕАЭС
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Раёсати омори КИАО маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатии кишварҳои иттиҳодияро нашр кард, ки Қазоқистону Арманистон мавқеъҳои поинро касб кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Қазоқистон суръати баландтарини афзоиши касри буҷетро дар байни кишварҳои ИИАО аз сар мегузаронад.
Дар ин бора дар гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё гуфта мешавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар охири соли 2023 дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодӣ хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз даромад бештар будааст.
Буҷа миёни кишварҳои созмон танҳо дар Қирғизистон бо барзиёд иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2022 касри буҷа дар Арманистон 5,2%, дар Қазоқистон 30,5% афзуда, дар Русия 2,0% кам шудааст", - омадааст дар гузориш.
Бар асоси ин санад, бахши аъзами касри будҷаи Қазоқистон ва Русия аз ҳисоби фондҳои миллӣ (захира) пӯшонида шудааст.
ЕАЭС 2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Тоҷикистон ва ИИАО рушди иқтисодашонро таъмин кардаанд - тасвирбаён
"Суръати баландтарини афзоиши даромад ва хароҷоти буҷет дар Қирғизистон (мутаносибан 132% ва 121%) ва Қазоқистон (120% ва 121%) мушоҳида шудааст", — гуфта мешавад дар гузориш.
Ҳамин тариқ, то 1 январи соли 2024 қарзи давлатӣ бо пули миллӣ дар Арманистон 14,6%, дар Қазоқистон 7,3%, дар Қирғизистон 17,1%, дар Русия 12,2% зиёд шудааст.
Дар сохтори қарзи давлатии Арманистон ва Қирғизистон бештар қарзи хориҷӣ ва дар Қазоқистон ва Русия қарзи дохилӣ бартарӣ дорад.
Инчунин, ба ҳолати 1 январи соли 2024 қарзи хориҷии давлатӣ (ба доллари ИМА табдилшуда) дар Арманистон (0,9%) ва Қирғизистон (3,9%) афзоиш ёфта, дар Қазоқистон (8,3%) ва Русия (1,6%) кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0