Набарди шом бо Раҷабов дар UFC: ӯ гуфт, бе мушкил ҳарифро шикаст медиҳад

© Foto / Шабакаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Размикори тоҷик, ки шоми имрӯз набар дорад, гуфт, ки кадом маҳорати ӯ аз ҳарифаш болост ва чӣ гуна ӯро аз пой хоҳад дар овард
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC бо варзишгари урдунитабор аз ИМА Абдул-Карим Ал-Селвади рақобат мекунад.
Ин муҳориби шоми имрӯз солати 21:30 ба вақти Маскав доир хоҳад шуд.
Мусобиқаи мазкур дар "UFC Apex" в Лас-Вегас доир шуда, он бо зӯрозмои Раҷабов ва Ал-Селвади боз мешавад.
Барои варзишкори тоҷик ин сеюмин набард дар ин ташкилоти бузург ва барои ҳарифаш бошад, рақобати аввал дар он аст.
Раҷабов дар як мусоҳибаи ахираш гуфт, ки ба ҳеҷ мушкил ҳарифашро шикаст хоҳад дод.
"Вай мехоҳад, ки пеш равад ва ҳуҷум кунад, аммо ман фикр мекунам, ки барои ба итмом расонидани ӯ ҳеҷ мушкиле надорам. Вай мисли ман дар куштигирӣ хуб нест. Шояд қувваи хоми ҷисмонӣ дошта бошад, аммо маҳораташ мелангад", - гуфт Раҷабов.
Корномаи Абдул-Карим Ал-Селвади аз 15 ғалаба ва 3 мағлубият иборат аст.
Размикори тоҷик моҳи феврали соли 2023 вориди UFC шуда, ду набард доир кард, ки дар яке пирӯз ва дар дигаре мағлуб шуд.
Мухаммад Наимов — таджикский боец смешанных боевых искусств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
Наимов баъди пирӯзӣ дар дақиқаи аввал ба роҳбараияти UFC муроҷиат кард
Аввалин рақобаташ дар чаҳорчӯби UFC 285 дар Лас Вегас баргузор карда, бо қарори доварон пирӯз шуд.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд.
Пирӯзии ду размикори тоҷик дар АСА168: Одилов ба финали Гран-прии мусобиқа баромад
Варзишкори тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои иштирокчии сабуквазнро низ: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин партоб кард.
Дар зӯрозмоии дуюмаш бошад ӯ аз размикори лаҳистонӣ Матеуша Ребетски шикаст хӯрд.
Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 17 ғалаба, 5 бохт ва ягона мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0