Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия аз Олмон шарҳи сабти гуфтугӯҳои афсаронаш дар бораи ҳамла ба пули Қримро мехоҳад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел России
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Кӯшиши фирор аз посух додан ба саволҳо эътирофи гуноҳ ҳисобида мешавад, гуфт намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ Русия др бораи гуфтугӯи афсарони олмонӣ
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Русия аз Олмон дар робита ба сӯҳбати оммавии афсарони олмонӣ дар бораи зарбаҳои эҳтимолӣ ба пули Қрим тавзеҳот талаб мекунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, хабар медиҳад, РИА "Новости".
"Мо аз Олмон тавзеҳот талаб мекунем. Берлини расмӣ муваззаф аст, ки онҳоро ба таври фаврӣ пешниҳод кунад. Кӯшиши худдорӣ аз посух ба суолҳо эътирофи гуноҳ дониста мешавад", - гуфт Захарова.
Қаблан сардабири гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" ва шабакаи телевизионии RT Маргарита Симонян стенограммаи сабти аудиоиро нашр карда буд, ки дар он афсарони баландпояи Бундесвери Олмон ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба пули Қримро баррасӣ мекунанд.
Дар ин суҳбат, ки 19 феврал сабт шудаст, сардори шуъбаи амалиёт ва машқҳои фармондеҳии қувваҳои ҳарбии ҳавоии Олмон, Грефе, нозири қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ Герхартс ва кормандони маркази амалиёти ҳавоӣ Фенске ва Фростедте иштирок доштаанд.
Яке аз афсарон аз сафари барномарезишуда ба Украина дар рӯзи 21 феврал ёдовар шуд, ки барои ҳамоҳангсозии зарбаҳо ба ҳадафҳои Русия сурат мегирад.
Крымский мост, на автомобильной части которого со стороны Таманского полуострова произошел подрыв грузового автомобиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нашри сабти суҳбати низомиёни олмонӣ, ки аз омодасозии зарба ба Русия мегуфтанд
Нозири нерӯҳои ҳавоии Бундесвер, ки дар муҳокимаи ҳамла ба пули Қрим ширкат дошт, имконпазир хонд, ки 100 мушаки Taurus дар баста ба Киев интиқол дода шавад.
Артишиёни Олмон имкони ҳамла маҳз бо ин мушакҳо бо истифода аз ҳавопаймои Dassault Rafale-ро баррасӣ намуданд.
Намояндаи Бундесвер гуфт, мушакҳои Taurus, ки ба Украина оварда мешаванд, пас аз 8 моҳ барои истифода омода хоҳанд шуд.
Яке аз иштирокчиён ба таъсирбахш будани зарбаи болои купрук шубҳа кард ва савол гузошт, ки барои ин чанд мушак лозим аст, "шояд на 10 ва ҳатто на 20 мушак лозим оянд".
Лентаи хабарҳо
0