Раҳмон сарвазири нави Покистонро шодбош гуфту ба Тоҷикистон хонд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Пакистана Шахбаз Шариф
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и премьер-министр Пакистана Шахбаз Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2024
Обуна шудан
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани беш аз 200 раъйи вакилон дигарбора сарвазир интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шарифро бо интихоб шуданаш ба ин мақом шодбош гуфт.
Раҳмон Шарифро дӯст ва бародари гиромӣ хонда, саломатии комил хондааст.
"Дар иҷрои нақшаҳоятон ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Покистон, беҳбуди сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари ба мо дӯст ва ҳамзамон таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои нави барҷаста орзумандам", - илова намуд ӯ.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистонро анъанаҳои деринаи робитаҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар ба ҳам мепайванданд.
Президенти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо, ки бо такя ба анъанаҳои нек бемайлон рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намудаст. .
Мэр Душанбе Рустами Эмомали и посол Пакистана в Таджикистане Мухаммад Саид Сарвар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Сафирони навтаъйин дар Тоҷикистон хостори мулоқот бо Рустами Эмомалӣ шудаанд
"Зимни таъкиди рағбати пайвастаи инҷониб ба идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Шумо дар пешбурди самарабахши ин раванд, бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват менамоям", - изҳор доштаст Раҳмон.
Вай мутмаин аст, ки бо талошҳои муштараки минбаъда шарикии дарозмуддати кишварҳо ба нафъи мардумонашон таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.
Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.
Лентаи хабарҳо
0