Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Русиягиҳо дар куҷои Тоҷикистон метавонанд дар интихоботи президент иштирок кунанд?

© iStock.com \ MartinnsЧеловек кладет избирательный бюллетень в урну
Человек кладет избирательный бюллетень в урну - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Обуна шудан
Русиягиҳо метавонанд дар интихоботи президентии кишварашон, тавассути раъйдиҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд нуқта доранд, иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.
Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард. Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Ҳама шаҳрвандони Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд ва дар рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, метавонанд дар интихобот овоз диҳанд.
© SputnikШаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар куҷо метавонанд рӯзи 17 март раъй диҳанд
Шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар куҷо метавонанд рӯзи 17 март раъй диҳанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон дар куҷо метавонанд рӯзи 17 март раъй диҳанд
Маврид ба зикр аст, ки 6 декабр Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро барои 17 марти соли 2024 таъин кард, ки он се рӯз - 15, 16 ва 17 март идома хоҳанд кард.
Аз 25 феврал дар Федератсияи Русия дар манотиқи душворгузар ё дурдаст раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат барои интихоботи президентӣ баргузор мешавад.
Интихобкунандагон дар 29 субъекти Федератсияи Русия на танҳо дар қитъаҳои интихоботӣ, балки тавассути онлайн низ метавонанд овоз диҳанд. Овоздиҳии асосӣ 17 март ба охир мерасад.
Русиягиҳо метавонанд ба таври фосилавӣ бо истифода аз компютери шахсӣ, планшет ё смартфон интихоби худро анҷом диҳанд.Аризаи электронӣ бояд дар портали махсуси интернетии Комиссияи марказии интихоботи Русия пешниҳод карда шавад.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2024
Лукашенко гуфт, дар интихоботи ояндаи президентӣ иштирок мекунад
Раисҷумҳури феълӣ, Владимир Путин номзадияшро ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.
Ваколатҳои феълии Путин ба ҳайси раҳбари давлат 7 майи соли 2024 ба охир мерасад.
Путин бори панҷум аст, ки довталаби курсии президентӣ мешавад. Дар сурати пирӯзӣ, ӯ 6 соли дигар, яъне то соли 2030 дар курсии раҳбари давлат хоҳад буд. Вай бори нахуст соли 2000 ба як давраи чаҳор сол ба мақоми олии давлатӣ интихоб шуда буд.
Омӯзиши афкори омма нишон медиҳад, ки сатҳи ҳимоят аз Путин ва эътимод ба ӯ наздики 80%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0