Ҳайати баландпояи Ӯзбекистон дар Душанбе: аз баҳси мошинсозии муштарак то нерӯгоҳҳо

© Sputnik / Виталий БелоусовРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон дар арафаи ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таҳти ҳамраисии сарвазирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор мекунад.
Барои иштирок дар ин ҷаласа, ҳайати баландпояи Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии сарвазир, Абдулло Арипов ба Душанбе меояд.
Омодагӣ ба ин чорабиниро аз ҷумла вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо азири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли чархҳо дар заминаи ТАЛКО барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон ба миён гузошта шудааст.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2024
Пешниҳоди лоиҳаи нави ҳалқаи барқӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон
Инчунин дар мавриди сохтмони муштараки ду НБО дар дарёи Зарафшон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр гардидаст, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба яке аз шарикони стратегӣ ва боэътимод мубадал гардидаанд.
Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила Ӯзбекистон беш аз 504 млн доллар ва вазни хоси он 6%-ро дар сохтори умумии тиҷорати хориҷӣ ташкил дода, дар ҷои 5-ум қарор дорад.
Вазирони ду кишвар изҳор доштаанд, ки ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи иқтидорҳо барои таҳкими додугирифт вуҷуд доранд.
Лентаи хабарҳо
0