Русия ният дорад ҳамкориҳояшро бо вилояти Суғд тақвият бахшад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти раиси вилояти Суғд бо сафири Русия
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо сафири Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2024
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд, хизмат хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабор додааст.
Ҳамчунин зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишварро баррасӣ намуда аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармояи муштарак як қатор корхонаҳои саноатӣ дар вилоят фаъолият доранд.
Российские военнослужащие в Таджикистане поздравили женщин-ветеранов ВОВ и труда с 8 марта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Низомиёни Русия ба табрики занони собиқадори ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон рафтанд
Зимни мулоқот оқои Аҳмадзода қайд кард, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маорифро боз ҳам тақвият бахшад.
Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ дар навбати худ барои таҳкими равобити дӯстона изҳори омодагӣ кард.
Вай илова кард, ки дар густариши ҳамкорӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, ки нав ба ин вазифа таъин шудааст, хизмат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0