Боздошти корманди Хадамоти алоқа барои обу лойи даҳҳо ҳазор пули обуна

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Обуна шудан
Ба дастгиршуда аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ва маҳрумият аз вазифаҳо интизор аст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи Хадамоти алоқа гузориш додаст.
Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Маркази алоқаи Почтаи шаҳри Ваҳдат, аз сӯи раҳбари он Т.Ҷ. ошкор шудааст.
Манбаъ афзуд, зимни гузаронидани санҷиши молиявию хоҷагидорӣ дар фаъолияти маркази мазкур, ки дар тобеияти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон аст, беш аз 160 ҳазор сомонӣ камомад ошкаор шуд.
Гуфта мешавад, ки давоми чаҳор соли ахир маркази мазкур муассисаҳои давлатӣ шаҳри Ваҳдатро бо як ҷамоат бо рӣзномаву нашрияҳои ҷумҳуриявӣ таъмин карда, маблағи обуна аз тарафи шахсони масъули Ҷамоат ҷамоъоварӣ ва ба директори он супорида шудааст.
Калькулятор и очки, график планирования экономики  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Боздошти раҳбар ва муҳосиби ширкати "Сипар Ком" барои миллионҳо зарар ба давлат
Тавзеҳ дода шудааст, ки Т.Ҷ. ҳамчун шахси мансабдор, бо қасди тасарруфи молу мулки давлат маблағи мазкурро ба хазинаи Марказ ворид накарда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 245 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда ба пуррагӣ талофӣ шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Ҳамакнун ин масъули Хадамоти алоқаро аз 131 то беш аз 194 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0