Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Ҳама дар сатҳи баланд аст: баҳои нозирони ИДМ ба ташкили интихобот дар Русия

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкВыборы президента России.
Выборы президента России. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Обуна шудан
Ба ин гурӯҳ вакилони порлумони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомиланд, ки рафти раъйдиҳиро назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 март — Sputnik. Ташкили интихоботи президентӣ дар Федератсияи Русия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Михаил Руси изҳор дошт.
"Ҳама чиз аз ҷиҳати ташкилӣ дар сатҳи баланд сохта шудааст. Ҳар як шаҳрванд озодии баёни иродаи худро дорад. Мо инро дар ҳама ҷойҳои мушоҳидаи худ сабт мекунем", - гуфт Русӣ ба хабарнигорон.
Вай афзуд, ки ҳайати нозирони АП ИДМ бузургтарин аст.
"Мо аз 22 кишвари ҷаҳон 60 аъзо дорем", - афзуд Руси.
Ба ин гурӯҳ вакилони порлумони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомиланд.
Иштироки интихобкунандагон дар интихоботи президентии Федератсияи Русия дар маҷмӯъ дар кишвар то соати 09:00 ба вақти Маскав ба 36,55% расидааст, гузориш дод, Комиссияи марказии интихоботии кишвар
Ба иттилои манбаъ, тақрибан 2,6 млн нафар аз шаҳрвандони Русия дар интихобот пешакӣ овоз доданд.
Зиёда аз се миллион нафар аллакай ба таври фосилавӣ овоз додаанд.
Дар маҷмуъ қариб 5 миллион интихобкунанда қасд доранд дар интихобот дар ин шакл ширкат кунанд.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст. Овоздиҳӣ се рӯз давом мекунад: 15, 16 ва 17 март.
Выборы президента России в регионах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи президентии Русия: иштироки интихобкунандагон ба 36,55% расид
Барои курсии раисиҷумҳури Русия чаҳор номзади сабтиномшудаи Комиссияи марказии интихоботи Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
Ёдовар мешавем, шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд дар интихоботи президентии Федератсияи Русия ширкат кунанд.
Аз ҷумла 17 март дар ду қитъаи интихоботӣ - дар шӯъбаи консулии сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд имкони раъйдиҳӣ фароҳам аст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчунин чаҳор нуқтаи дигар барои низомиёни Русия ва аъзои хонаводаи онҳо фаъолият хоҳанд кард.
Нуқтаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0