Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

КМИ: Мизони мушорикати раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Русия 65% ташкил медиҳад

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкВыборы президента России в регионах
Выборы президента России в регионах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Обуна шудан
Соли 2024 бори аввал интихоботи президентии Русия дар тӯли се рӯз баргузор мешавад ва раъйдиҳӣ 17 март соати 20:00 ба охир мерасад.
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Иштироки умумии раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Русия бо шумули овоздиҳии электронӣ 65,05% ташкил додааст.
Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Элла Памфилова хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, нозирони ҷамъиятӣ мизони бесобиқаи ширкаткунандагон дар интихоботи раёсатҷумҳуриро қайд мекунанд, ки он ба сатҳи рекордӣ талош хоҳад расид.
Соли 2024 бори аввал интихоботи президентии Русия дар тӯли се рӯз баргузор мешавад.
Шӯрои Федератсияи Русия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин намудааст.
Раъйдиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат рақобат доранд: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин рақобат доранд.
Навбат дар Душанбе барои иштирок дар интихоботи президентии Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Навбати 100 метра: Интихоботи президентии Русия дар Душанбе ҷараён дорад
Раъйдиҳӣ соати 20:00 ба охир мерасад. Охирин раъйминтақаи ғарбии Русия - вилояти Калининград маъракаи раъйдиҳӣ ба охир мерасад.
Раъйдиҳӣ дар хориҷ аз Русия аз 1 марти соли 2024 оғоз шуд. Ҳавзаҳои интихоботӣ барои ширкат дар интихоботи президентӣ дар ҳама кишварҳое, ки Русия ҳузури дипломатӣ ва консулгариро дорад, аз ҷумла дар давлатҳои ғайридӯстона боз аст.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла 6 ҳавза интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият доад.
Лентаи хабарҳо
0