Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Путин дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон пешсаф аст

© SputnikВыборы президента РФ в Таджикистане.
Выборы президента РФ в Таджикистане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумориши оро дар интихоботи президентии Русия идома дорад.
Номзад ба мақоми президентӣ ва сарвари феълии давлат Владимир Путин аз рӯи натоиҷи муқаддамотии интихоботӣ дар ин ҷумҳурӣ баргузоршуда, бо нишондоди зиёд пешсаф аст.
Дар ин бора маълумотҳои Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия шаҳодат медиҳанд.
Бар асоси натоиҷи муқаддамотӣ, Путин 93,89% ороро ба даст овардааст.
Выборы президента России в регионах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Одилонаву шаффоф: Арзёбии нозирони ИДМ аз баргузории интихоботи президентии Русия
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кард.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ фаъолият мекард.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия чаҳор номзади сабтиномшудаи Комиссияи марказии интихоботи Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош карданд.
17 март дар Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ аз соати 08:00 кушода шуданд. Дар нимаи аввали рӯз иштироки интихобкунандагон дар интихобот қариб ба 6 ҳазор нафар расид.
Ба иттилои Вазорати хориҷаи Русия, қитъаҳои овоздиҳӣ дар хориҷ, дар 144 кишвари ҷаҳон таҳия шуд, ки шаҳрвандон дар 295 нуқта раъй доданд.
Лентаи хабарҳо
0