Русия нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқ маводи мухаддир муҳим медонад

© Foto / Пресс-служба Совета Федерации РФФлаги России и Таджикистана. Архивное фото
Флаги России и Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи намояндаи ВКД-и Русия Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад.
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Тоҷикистону Русия масоили таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баррасӣ намуданд.
Тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт дар мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Зафар Самад бо сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Русия Иван Горбунов дар шаҳри Вена сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз намояндаи Русия барои ҳамкории мутақобилан судманд дар татбиқи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва ВКД-и Русия дар бораи ҳамкорӣ ва мусоидат дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо изҳори сипос кардааст.
Директор Агентства по контролю за наркотиками Таджикистана генерал-майор Самад Зафар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Агентии мубориза бо маводи мухаддир нокомияшро эътироф кард: раҳбари нав ваъдаи ислоҳ дод
Дар ҳамин ҳол, Сардори Сарраёсати назорати муомилоти маводи нашъаовари ВКД-и Русия ҳамкориро бо Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд
“Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад”,- қайд кард Иван Горбунов.
Бояд гуфт мулоқоти тарафҳо дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор, ки 14 март оғоз ёфта, то 22 марти соли 2024 идома меёбад сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0