14 ҳазор тифли навзод дар ду моҳ: Афзоиши зоиш дар Хатлон

© Unsplash/Hu Chen Человек, держащий ребенка за руку. Иллюстративное фото
Человек, держащий ребенка за руку. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2024
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар баробари афзоиши зоиш дар вилоят фавти модарон ҳангоми таваллуд низ кам гардидааст.
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми ду моҳи соли 2024-ум 14 ҳазору 111 ҳолати таваллуди зинда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 852 таваллуд зиёд аст.
Дар ин бора ба сомонаи “Фараж” Директори маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарифова хабар додааст.
Вай афзуд, ки соли 2023-юм дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 259 таваллуд ба қайд гирифта шуда буд.
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2024
Шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% афзуд
Ҳамзамон ба иттилои хонум Гулбаҳор дар ин давра фавти модарон ҳангоми таваллуд кам гардидааст.
“Дар ду моҳи соли равон 4 ҳолати фавти модар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ду моҳаи соли гузашта 2 ҳолат кам мебошад.”-афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Оҷонсии омори назди Президенти Тоҷикистон дар кишвар шумораи аҳолӣ 2 дарсад афзуд.
Тибқи маълумоти омори ахир, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират шумораи аҳолӣ то 1 январи соли равон 10 277,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0