Путин дастур дод, ки вазъи муҳоҷират таҳти назорат гирифта шавад

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании коллегии Генпрокуратуры.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании коллегии Генпрокуратуры.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Сарвари давлат дастур дод, ки дар соҳаи муҳоҷират як низоми иловагии пешгирикунанда, профилактикӣ ва дигар зидди ҷинояткорӣ андеша карда шавад
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазъият дар соҳаи муҳоҷират бояд таҳти назорат бошад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар ҷаласае бо ҳайати Додситонии кулли Федератсияи Русия изҳор дошт.
"Аз ҷумла риояи қонун дар соҳаи муҳоҷират хеле муҳим ва ташвишовар барои миллионҳо нафар аст. Вазъият дар ин соҳа бояд таҳти назорат бошад", - гуфт Путин.
Вай хоҳиш намуд, ки ба қабули қарорҳои қонунӣ, асоснок ва одилона бо камоли кордонӣ ва босалоҳият мусоидат карда, инчунин дар бораи системаи чораҳои иловагии пешгирикунандаи зидди ҷинояткорӣ андеша карда шавад.
Қаблан маълум шуд, ки Русия метавонад мӯҳлати бастани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро маҳдуд кунад.
Юрист о нововведениях в миграционной политике. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2024
Коршинос: таъсиси маркази нирӯёбӣ дар Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ муҳим аст - видео
Тавре Ярослав Нилов, раиси Кумитаи меҳнати Думаи давлатии Русия ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, пешнимҳод шудааст, ки мӯҳлати шартномаҳои меҳнатии кӯтоҳмуддат барои муҳоҷирони корӣ дар Федератсияи Русия то ду сол маҳдуд карда шавад.
Вай тавзеҳ дод, ки агар корманд аз корфармо қаноатманд бошад, метавонад шартномаро тамдид кунад.
Лентаи хабарҳо
0