Раҳбари ФСБ-и Русия гуфт, ки пушти ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" кист

© Sputnik / Григорий СысоевСгоревшее здание подмосковного "Крокус Сити Холла".
Сгоревшее здание подмосковного Крокус Сити Холла. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Раҳбари Хадамоти амнияти Федеролӣ эътироф кард, ки ИМА, Британияи Кабир ва Украина масъули ҳамла ба Крокус Сити Холл мебошанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Хадамоти махсуси Украина ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл мусоидат карданд, гуфт директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников.
Ба гузориши РИА "Новости", раиси хадамоти махсус тавзеҳ додааст, ки ҳамларо исломгароёни тундгаро омода кардаанд.
Фармоишгарон то ҳол мушаххас карда нашудаанд, аммо хадамоти иктишофӣ барои муайян кардани онҳо ҳама корро анҷом медиҳад.
Ҳамзамон маълум аст, ки Киев ҷангҷӯёнро дар Ховари Миёна таълим додааст, қайд кард роҳбари ФСБ.
Ба гуфтаи ӯ, террористҳо мехостанд ба Украина фирор кунанд ва дар онҷо мунтазири онҳо буданд.
Теракт в Крокус Сити Холле.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
“Қазияи Крокус”: Муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омаданд
"Роҳзанҳо қасд доштанд, ки ба хориҷа ба таври махсус ба қаламрави Украина бираванд. Тибқи маълумоти пешакии мо, онҳоро дар онҷо интизор буданд. Ман ба шумо як сирро мегӯям: аз тарафи дигар мехостанд, ки онҳоро ҳамчун қаҳрамон пешвоз гиранд", - таъкид кард Бортников.
Вай ҳамчунин гуфт, ки хатари террористӣ дар Русия боқӣ мемонад.
Бортников инчунин дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Павел Зарубин эътироф кард, ки ИМА, Британияи Кабир ва Украина масъули ҳамла ба Крокус Сити Холл мебошанд.
"Мо чунин мешуморем. Дар ҳар сурат, мо ҳоло дар бораи фактурае, ки дар даст дорем, гап мезанем. Ин умумӣ, ба истилоҳ, маълумоти умумӣ аст, аммо аллакай таҳаввулоти муайян ба назар мерасад", - гуфт ӯ ба саволи мувофиқ.
Вай афзуд, ки ин ниҳодаш тамоми чораҳоро анҷом медиҳад, то созмондиҳандагони ҳамлаи террористиро муайян кунанд.
Лентаи хабарҳо
0