Зарбаҳо ба Эрон Исроилро ба шикасти стратегӣ мебарад

© AFP 2023 / MAHER AL MOUNESСотрудники служб экстренной помощи и безопасности на месте нанесения ударов по зданию рядом с посольством Ирана Дамаске 1 апреля 2024 года.
Сотрудники служб экстренной помощи и безопасности на месте нанесения ударов по зданию рядом с посольством Ирана Дамаске 1 апреля 2024 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Обуна шудан
Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба маҳаллаи Меззе дар ғарби Димишқ, ки мушовирони низомии эронӣ аз Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, зарба заданд.
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik, Евгений Балакин.Гуфта мешавад, ки ҳамла ба консулгарии Эрон дар Сурия сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манобеъи дигар, ҳамла ба бинои воқеъ дар наздикии сафорат ва консулгарӣ рух додааст.
Ба гуфтаи Ҳусейн Акбарӣ, сафири Эрон дар Сурия, ҳамла бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 анҷом шудааст. Теъдоди кушташудагон дар ҳоли ҳозир ба 11 нафар мерасад. Бар асоси баёнияи дафтари равобити ҷомеъаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, "дар натиҷаи ин ҷиноят генерали бригада Муҳаммад Ризо Зоҳидӣ ва генерали бригада Муҳаммад Ҳодӣ Ҳоҷӣ Раҳимӣ, мушовирони аршади низомии Эрон дар Сурия <...> ва ҳамчунин панҷ афсари ҳамроҳашон шаҳид шуданд".
Ин ҳамла вокуниши фаврӣ дар саросари ҷаҳонро ба бор овард. Дар худи Эрон намоишҳои густурда ба амал омаданд, ки дар ҷараёни онҳо парчамҳои Амрико ва Исроил сӯзонда шуда, парчами Бритониёро эътирозгарон зери по партофтанд.
Намояндагии Эрон дар СММ ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ хонд ва гуфт, ки ин кишвар ҳақ дорад дар посух аз иқдомоти қатъӣ даст бигирад. Вазорати корҳои хориҷии Русия низ изҳори маҳкумияти шадид кард, аммо мавқеи намояндаи расмии Дабири кулли СММ дар айни замон танҳо бо изҳори "нигаронӣ" маҳдуд буд.
Здание МИД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Тоҷикистон ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқро қатъиян маҳкум кард
Зарба ба бинои консулгарӣ (агар ин кортасдиқ шавад) як қадами нотарсона, агар аз ноумедӣ набошад. Аз ҷиҳати қонунӣ, консулгарӣ қаламрави Эрон аст, бинобар ин ҳамла метавонад боиси барангехтани низоъ байни кишварҳо гардад, ки барои тамоми минтақа дар маҷмӯъ хатарнок аст. Барои фаҳмидани сабабҳо ва оқибатҳои эҳтимолии ҳодисаҳои рухдода, бояд равобити печида ва гоҳе пуртазодибайни Эрон ва Исроилро баррасӣ кард.
Яҳудиён, ки дар тӯли асрҳои зиёд расмияти сиёсӣ надоштанд, дар асри 20 барои таъсиси давлати худ кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Эрон дар аввал ба ин мухолифат карда, зидди қатъномаи СММ дар бораи тақсими Фаластин дар соли 1947 овоз дод ва аз нақшаи алтернативии федерализатсия пуштибонӣ кард. Аммо дар соли 1950, пас аз Туркия, ки аввалин кишвари мусалмоние, ки Исроилро ба расмият шинохт, Эрон низ ин корро дар соли 1960 бо суханронии расмии Шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба таври оммавӣ тасдиқ кард.
То охири давраи ҳукмронии шоҳ дар байни ҳар ду мамлакат ривоҷи босуръати алоқаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мушоҳида карда мешуд, ки ба ин инқилоби июлии соли 1952 дар Миср сабабгор шуд, ки дар натиҷаи он ҳукумати шоҳӣ аз байн бурда шуда, сари ҳокимият ҷумҳурихоҳ Камол Абдел Носир омад, ки ӯро Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ мекард. Ин ҳодиса тавозуни нерӯҳо дар Ховари Миёнаро тағйир дод, ки дар натиҷа Эрон ба “Паймони Бағдод” ворид шуд ва воқеан бо Исроил дар як блоки геополитикӣ якҷо шуд, ки ба сӯи Иёлоти Муттаҳида нигаронида шуда буд.
Президент Ирана Эбрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Ҳушдори президенти Эрон ба Исроил
Пас аз инқилоби исломии соли 1979, муносибати кишварҳо якбора бад ва канда шудани муносибатҳои дипломатӣ ба амал омад. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби қудратҳо дар минтақа дубора тағйир ёфт, ки боиси афзоиши хусумати мутақобила гардид.
Имрӯз Исроил, ки дар иҳотаи давлатҳои араб қарор дорад, аз ҷиҳати тавоноии худ аз Эрон ба маротиб пасттар аст, ки ин боиси вобастагии шадиди он аз ИМА мегардад. Дар соли 2020 Исроил кӯшиши дигаре барои мувозинати равобит дар Ховари Миёна кард ва созишҳои Иброҳимӣ бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида қабул кард, ки ба он Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Марокаш ва Судон ҳамроҳ шуданд. Аммо, ҷанг дар навори Ғазза, ки моҳи октябри соли 2023 сар зад, воқеан ба онҳо нуқта гузошта, Исроилро ба бунбасти минтақавӣ ва вобастагии ӯро аз Иёлоти Муттаҳида, рақиби асосии геополитикии Эрон бештар месозад.
Аз тавсифи дар боло овардашуда, якчанд хулосаҳоро метавон муайян кард. Аввалан, равобити Эрон ва Исроил на ҳамеша душманона буданд. Сониян, онҳо ҳар дафъа бо тағйироти назаррас дар таносуби қувваҳо дар минтақа дигаргун мешуданд. Сеюм, Исроил ба таври доимӣ ба Иёлоти Муттаҳида нигаронида шудааст, дар ҳоле ки Эрон субъективияти бештари геополитикӣ дорад. Ниҳоят, давлати Исроил таърихан дар муҳити номусоид қарор дорад ва худи мавҷудияти он мушкил аст.
Маҷмӯи ин сабабҳосиёсати берунии Исроилро муайян мекунад. Бо давлатҳои ҳамсоя алоқа барқарор карда натавониста (ҳам аз сабаби таваҷҷӯҳаш ба ба мавқеи Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи консепсияи "бетартибиҳои идорашаванда" нисбат ба Шарқи Наздик рафтор мекунад ва ҳам аз сабаби майл надоштанаш дар ҳалли масъалаи Фаластин мувофиқи қарори СММ), Исроил кушиш мекунад, ки дар бисёр корҳо пешдастӣ кунад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Зеленский аз ИМА кӯмакро илтиҷоъ дорад
Дар мавриди Эрон сухан дар бораи кӯшиши бо ҳар қимате халалдор кардани барномаи ҳастаиаш меравад, ки ба гуфтаи раҳбарияти Исроил, хатари даҳшатнок дорад. Тасодуфӣ нест, ки дар байни кушташудагон генерал Муҳаммад Ризо Зоҳидӣниз буд. Ӯ дар феҳрасти ба истилоҳ сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид аз афроди гумонбар дарширкат дар барномаи ҳастаии Эрон буд. Зоҳидӣ бузургтарин генерали кушташудаи эронӣ аст, пас аз Қосим Сулаймонӣ, ки дар соли 2020 дар натиҷаи ҳамлаи Амрико, ба ҳалокат расид.
Биёед қайд кунем, ки агар куштори Сулаймонӣ ба ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон равона шуда бошад, он оқибати комилан баръакс дошт: кишвар аксари маҳдудиятҳоеро, ки дар доираи созиши ба истилоҳ ҳастаӣ қабул карда буд, тарк кард. Мушаххас аст, ки куштори Зоҳидӣ низ таъсири боздоранда нахоҳад дошт ва танҳо раҳбарияти Эронро ба эҷоди силоҳи ҳастаии худ бештар водор мекунад. Ҳарчанд аз ҷиҳати тактикӣ, ҳамла ба фармондеҳи воломақоми Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бешубҳа аҳамияти низомӣ дорад.
Дар бораи ҷузъи сиёсии рӯйдодҳои баррасишаванда низ сухан рондан мумкин аст. Аз як тараф, ин ҳамла дар солгарди эълони ҷумҳурии исломӣ (1 апрели соли 1979) рух дод. Ин санаро метавон як гардиши геополитикии Эрон аз Иёлоти Муттаҳида арзёбӣ кард ва зарбаи комилро метавон интиқоми рамзии "иттифоқчиёни собиқ", ки бо дасти Исроил анҷом ёфт, арзёбӣ кард.
Аз сӯи дигар, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар худи Исроил тазоҳуроти густардаи зидди сарвазири феълӣ Бенямин Нетаняҳу ҷараён дорад. Тахмин кардан мумкин аст, ки бо ин роҳ сарвари давлат бо рафтори "уқобвор" мехоҳад мавқеи худро дар назди ҷомеа боло бардорад, аммо қазоват кардан душвор аст, ки ин баҳодиҳии роҳбари феълиро афроде, ки дар давраи ҷанг ба эътирози оммавӣ баромадаанд, чӣ гуна пазируфта мешавад.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2024
Сафири Эрон дар Туркия аз он тааҷҷуб кард, ки Амрико аз ҳамла дар Русия пешакӣ огоҳ буд
Мувофиқи сиёсати Иёлоти Муттаҳида амал карда, Исроил (сарфи назар аз муваффақиятҳои тактикиаш) ба мағлубияти стратегӣ маҳкум аст. Бо таваҷҷуҳ ба тағйири таносуби нерӯҳо дар Ховари Миёна, ки дар пеши назари мо сурат мегирад, тасмими дурусти стратегӣ на бархӯрд, балки ҳамкорӣ бо Эрон хоҳад буд. Он дар сиёсати берунӣ "режими саҳюнистӣ" ва "давлати Исроил"-ро пайваста ҷудо мекунад, ки имкони муколамаро фароҳам меорад. Зиёда аз он, дар байни ду мамлакат таҷрибаи бузурги таърихии ҳамкории осоишта мавҷуд аст.
Дар ниҳояти кор, Исроил бояд тамоми стратегияи зинда мондани худро аз нав дида барояд ва такя кардан ба Иёлоти Муттаҳидаро бас кунад, вагарна хушҳолии кӯтоҳмуддати муваффақияти тактикӣ ба шикасти стратегӣ оварда мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0