Вазорати маориф: 10 апрел дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон истироҳатист

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШкольники
Школьники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон далели истироҳатӣ будани ин рӯзро дар макотиб ба моддаи 3 қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи рӯзҳои ид" рабт дод
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Рӯзи иди Рамазон 10-уми апрел дар муассисаҳои таълимӣ истироҳатӣ мебошад, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
"Ба иттилои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки тибқи моддаи 3 қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзи иди Рамазон ҳар сол дар рӯзе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба корҳои дин муқаррар мекунад, рӯзи ғайрикорӣ аст", - омадаст дар иттилоия.
Ахиран раиси Шурои уламо, Саидмукаррам Абдуқодирзода эълон кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар маҳз ба 10 апрел дуруст меояд.
Ночь Кадр или Ночь могущества
и предопределения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Фазилатҳои Шаби қадр: он кай фаро мерасад
Тибқи қарори Шурои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 муайян карда шудааст.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон ҷалб намоянд.
Дар баробари ин таъкид гардидааст, ки руҳониён диққати шаҳрвандонро ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки масъулини дин худашон бояд дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.
Лентаи хабарҳо
0